Дар Хатлон даври вилоятии Ҷоми ҲХДТ оид ба футбол оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 15.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр марҳилаи сеюми мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ дар ду минтақаи вилояти Хатлон — шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону наврасон байни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ гардидааст, баргузор гашт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.
Дар вилояти Хатлон мусобиқаи мазкур аз рӯи чор марҳила доир мегардад. Марҳилаи якуми он аз 1 июл то 5 август дар сатҳи деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру навоҳии вилоят ва ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Марҳилаи дуюми мусобиқа аз 10 то 30 август дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо байни ғолибони деҳаҳову маҳаллаҳо ва марҳилаи сеюм аз 15 то 25 сентябр дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони сатҳи шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешавад.
Марҳилаи сеюми мусобиқаи футбол дар майдончаи футболи хурди “Ваҳдат”-и шаҳри Бохтар оғоз гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон иштирок карданд. Қиёмиддин Миралиён иброз дошт, ки ҳадафи ташкили ин мусобиқа рушди соҳаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим, тарғиби дӯстӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад.
«Пеш аз ҳама, мо бояд муҳити солимро барои насли оянда фароҳам созем ва барои ҳимояи шаъну шараф ва марзу буми кишвар омода бошем. Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз дар фазои сулҳу суботи кишвар чунин мусобиқаҳоро роҳандозӣ карда метавонем ва ин ҳама аз сиёсати созандандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад. Имрӯз кишварҳое ҳастанд, ки сулҳу субот ва тинҷиву оромиро орзу доранд. Мо бояд аз чунин шароити созгор шукрона намоем», – гуфт Қиёмиддин Миралиён.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Меҳроҷ Ғуломов мегӯяд, ки «мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳо, пеш аз ҳама, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба машғулияти ҷисмонии варзишӣ ва тарғиби васеи бозии футбол дар саросари мамлакат мебошад».
Мусобиқаи мазкур бо ҳадафи мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонону наврасон, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳи 2017- 2021» ва «Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар сатҳи деҳоту маҳалаҳои мамлакат барои солҳои 2021-2024» роҳандозӣ гардидааст.
Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» аз 30 сентябр то 5 октябри соли равон бо иштироки ғолибони сатҳи минтақа ва вилоят гузаронида мешавад. Дастаҳое, ки ғолиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, бо диплому медал ва туҳфаҳои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, раёсат ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоятҳо сарфароз мешаванд.










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд






