Дар Кӯлоб оид ба масъалаи иваз намудани шиносномаҳо ба намунаи соли 2014 мулоқот доир шуд
КӮЛОБ, 26.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони шуъбачаи шиносномавию бақайдгирии қисми минтақавии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб- нозир оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагон, майори милитсия Зоиршо Сафарализода, нозири раводид ва бақайдгирии шуъбачаи мазкур, капитани милитсия Рузмад Бобоев ва нозири калони ХШБ ШВКД дар ноҳияи Темурмалик, майори милитсия Акобир Мирасозода дар якчоягӣ бо раисони маҳалла, аҳли Ҷамоати деҳоти ба номи Саидмумин Раҳимови ноҳияи Темурмалик ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ оид ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», «Дар бораи қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» вохӯрӣ гузаронида шуд.
Тавре сардори шуъбачаи шиносномавию бақайдгирии қисми минтақавии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, подполковники милитсия Абдуғафор Фаттозода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки шахсоне, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» фаро гирифта мешаванд, метавонанд ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии ҳудуди шаҳру ноҳияҳо аз рӯи ҷои зист муроҷиат намоянд.
Инчунин аз ҳама шаҳрвандон, роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилоти ҳудуди ноҳия хоҳиш карда шуд, ки рӯзҳои наздик шиносномаи намунаи соли 1996 -ро бо шиносномаи намунаи соли 2014 иваз намоянд.
Зикр шуд, ки аз ҷониби масъулини шуъбачаи шиносномавию бақайдгирии қисми минтақавии РВКД дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб то ин ҷониб 13083 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 486 корманди муассисаҳо бо шиносномаи намунаи соли 2014 таъмин карда шудаанд, ки 83%- ро дар бар мегирад.
АКСҲО:АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






