Дар Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи «Бунёди ҷомеаи муштараки Чин ва Осиёи Марказӣ бо тақдири ягона» ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 28, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади таҳкими мубодила байни мақомоти қонунгузор, мусоидат ба ҳамкории парлумонию  прагматикӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Бунёди ҷомеаи муштараки Чин ва Осиёи Марказӣ бо тақдири ягона»  дар реҷаи фосилавӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, дар назди иштирокчиёни ин нишаст аз рӯи масъалаи рӯзнома муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим иброз дошт, ки “баргузории нишасти имрӯза равиши нави консептуалӣ барои навсозии саҳми мақомоти қонунгузории кишварҳои минтақаи мо дар рушди ҳамкорӣ дар масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад”.

Проблемаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷаи давлатӣ дорад ва қабули Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 яке аз афзалияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳуҷҷати мазкур дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгӯиҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст. Самти асосии Ҳадафҳои Рушди Устувор консепсияи рушди устувори инсонӣ мебошад. Бар асоси ин комилан решакан кардани камбизоатӣ, иваз кардани устувории нокофӣ ва пешбурди намунаҳои устувори истеъмол ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазифаҳои асосӣ ва шароити ҳаётан муҳим барои рушди устувор мебошанд.

Қодири Қосим ҳамчунин таъкид намуд, ки “бо ноил шудан ба субот дар кишвар дар тӯли чанд соли охир, ки дар он муваффақияти назарраси иқтисодӣ ба даст омадаанд, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии аҳолии кишвар ҳамчун афзалияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Бар асоси ин, дар ин масъала, мо ба ҳамкорӣ бо шарикон чӣ дар дохил ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя аҳамияти ҷиддӣ медиҳем”.

-Аз тарафи дигар, зарур аст, ки чолишҳо ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ба назар гирифта шаванд. Ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ, канда шудани муносибатҳои иқтисодӣ сабаби буҳрони амиқи иқтисодӣ буда, боиси харобшавии инфрасохтор ва бекорӣ мегарданд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи ду соли охир давраи дардноки пандемияи коронавирусро аз сар мегузаронад. Он барои кишварҳои минтақаи мо аз нуқтаи назари якбора суст шудани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, коҳиши истеҳсолот, афзоиши камбизоатӣ, бекорӣ ва афзоиши таҳдид ба амнияти озуқаворӣ озмоиши ҷиддӣ шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон ба ҳамаи давлатҳо барои ҳамкории фаъол ва босамар, инчунин барои кумак ва дастгирии онҳо, дар мубориза бо пандемия изҳори сипос менамояд.

Буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба таври возеҳ  нишон дод, ки мустақилона мубориза бурдан бо равандҳои манфӣ, чолишҳои глобалӣ ва таҳдидҳо ба кишварҳо, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ ниҳоят душвор аст.

-Тоҷикистон омода аст, ки бо давлатҳои ҳамсоя барои расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи рушд гузошташуда ҳамкорӣ кунад. Калиди муваффақияти умумии мо таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд, ки ба беҳбуди зиндагии халқҳоямон ва таъмини амнияти кафолатноки онҳо нигаронида шудаанд, мебошад. Мо аз давлатҳои ҳамсоя — шарикони рушди худ даъват мекунем, ки оқибатҳои буҳрони иқтисодиро паси сар кунанд ва ба роҳи асосии рушди устувор, ба ҳамкории васеъ ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак ворид шаванд,-гуфт Қодири Қосим.

“Ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ мо пешниҳод менамоем, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ пешниҳод карда шаванд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод менамояд, ки барои ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли иқтисоди рақамӣ, тадқиқоти технологӣ ва рушд, тиҷорати электронӣ, саноати муосири хизматрасонӣ, бизнес-инкубатсия ва ғайра мусоидат намояд.

Дар охир мехоҳам ҳамкасбони туркманамонро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва ҳамкасбони чинии худро бо Рӯзи дарпешистодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин табрик гуфта,  ба онҳо бахту саодат орзу намоям.

Бори дигар мехоҳам ба ҷониби Чин барои ташкили мулоқоти имрӯза изҳори сипос намоям ва итминон дорам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим ба дастовардҳои зиёде ноил хоҳем шуд”,-гуфт дар фарҷом муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим.

Аз рӯи масъалаи рӯзномаи ҳамоиши мазкур дар назди иштирокчиёни ҷаласа намояндагони парлумонҳои кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо баромад намуданд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Мардумии Чин Насиба Содиқӣ, Рустам Латифзода ва Ғиёсиддин Шарифзода иштирок намуданд.

 АКСҲО: МНМО ҶТ

Сентябрь 28, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расид
Дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаҳо ба тасвиб расиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – нишондиҳандаи иқтидори давлати муосири тоҷикон ва роҳнамои ояндаи пурсаодат
Дар Маҷлиси намояндагон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир шуд
Пагоҳ ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид