Дар ноҳияи Темурмалик Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 24, 2021 09:43

ДУШАНБЕ,24.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои хуштарҳу замонавии Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳияи Темурмалик мавриди истифода қарор дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ.

Дар ифтитоҳи Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳияи Темурмалик раиси вилояти Хатлон, роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Бинои марказ аз се ошёна иборат буда, барои кормандон утоқҳои барҳаво ва шароити хуби корӣ муҳайё  гардидааст. Дар бинои марказ китобхона ва толори маҷлисгузаронӣ бо тарҳи муосир ташкил карда шудааст.

Инчунин дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ дар марказ меҳмонхона сохта шудааст.

Намояндагони Ҳукумати мамлакат пас аз шиносоии пурра бо шароити нав дар бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба кормандони соҳа ҷиҳати саҳм гузоштан дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон- амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарии он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

              АКСҲО: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Сентябрь 24, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд