Дар Вазорати молия, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти иҷро, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пуршукӯҳ таҷлил гардид

Сентябрь 7, 2021 15:24

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ, муассисаҳои зертобеъ ва мақомоти молия дар маҳал ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода  бо сухани шодбошӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки маҳз бо ташаббусу ибтикороти бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон  бузургтарин ва шукӯҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ гардид.

Дар ҷамъомад якчанд нафар кормандони вазорат аз ҷониби роҳбарият бо сипосномаю ифтихорномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 3 нафар бо Нишони фахрии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 сентябр бо иштироки роҳбарият, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, шуъбаву бахшҳо ва дигар кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Тавре аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар доданд,  Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода тамоми кормандонро бо ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан ҷашни таърихист, табрику шодбош гуфт.

Мавсуф изҳор дошт, ки «ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин дастовард барои миллати тоҷик аст, ки пас аз ҳазорсолаҳо бо талошу заҳматҳои абармардони миллат ва ҳадяи таърих мо ба он ноил гардидем. Инак бо гузашти 30 соли соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун давлати рушдкарда, сулҳпарвар ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мешиносад ва эътироф мекунад».

Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирҷон Аминзода аҳли нишастро бо ин ҷашни миллӣ шодбош гуфта, дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори давлатдории миллии тоҷикон» маърӯза намуд.

Дар ҷаласа ба сардори Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ Бобошо Давлатшозода медали шоистаи ифтихорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардидааст,  тақдим шуд. Инчунин дигар кормандон, ки саҳми худро дар иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- таъмини амнияти озуқаворӣ гузоштаанд, бо «Ифтихорнома»-и раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд, ки зимни он ба як гурӯҳ кормандони Хадамоти иҷро, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд.

Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуд, ки ҳамаи  дастовардҳои даврони истиқлолият, хусусан  сулҳ, субот, тинҷию амонӣ, тараққиёт, пешрафт, ободию гулгулшукуфоии ватани азизамон аз ҷасорат, матонат, хислатҳои хайрҳоҳӣ, инсондӯстӣ ва некпиндории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд. Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолият, сулҳу ваҳдатро, ки сарчашмаи ҳаёти осоиштаи мост, нигоҳ дошта, баҳри ҳифз, ободу зебо гардонидани ватани азизамон ҳамеша омода бошем ва ба халқ, Ватани азизи худ ва Пешвои миллат содиқона  хизмат намоем.

Инчунин 6 сентябр дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамот аз дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати истиқбол аз ҷашни сарнавиштсоз- 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир гардид.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Абдулмаҷид Муминзод аҳли кормандони хадамотро бо ин иди барои мардуми шарафманди тоҷик муқаддас табрик намуда, аз дастовардҳои даврони истиқлол ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки ин неъмати бо баҳои ҷон ба дастовардаро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд ва эҳтиром гузоранд.

Дар ҷамъомад кормандони хизматнишондодаи Хадамот дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо ифтихорномаҳои Сардори Хадамот сарфароз гардонида шуданд.

Сентябрь 7, 2021 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад
Роҳҳои деҳаҳои Шафақу Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
35–СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб 494 иншоот бунёду навсозӣ карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагӣ идома доранд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии мактаб бо 16 синфхона барои 800 хонанда оғоз шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд