Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон мусобиқаи интихобии ҶО-2022-ро бо ғалаба оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» бар дастаи мунтахаби занонаи Малдив бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин сабқати ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро Лайло Ҳалимова, Некубахт Худододова ва Наталя Сотникова ба нишон расонида, пирӯзии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро таъмин сохтанд. Мавриди зикр аст, ки дар даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи мусобиқа дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон 29 сентябр бо дастаи мунтахаби занонаи Ветнам бозӣ хоҳад кард. Барои ба қисми ниҳоии чемпионати Осиё роҳ ёфтан, дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро танҳо дар ин вохӯрӣ пирӯзӣ қаноатманд хоҳад кард.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 байни дастаҳои мунтахаби занона
Гурӯҳи «В». Даври 2-юм
Тоҷикистон – Малдив – 4:0
Голҳо: Лайло Ҳалимова, 2 (1:0). Некубахт Худододова, 13 (2:0). Лайло Ҳалимова, 24 (3:0). Наталя Сотникова, 58 (4:0).
Даври 2-юм
27 сентябр (душанбе)
Оғози соати 18:00
Индонезия – Сингапур
Даври 3-юм
29 сентябр (чоршанбе)
Оғози бозӣ соати 18:00
Ветнам – Тоҷикистон
Гурӯҳи «С»: Сингапур, Индонезия.
Хотиррасон мешавем, ки ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 18:00 оғоз мешаванд.
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






