Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон мусобиқаи интихобии ҶО-2022-ро бо як ғалабаву як бохт ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо Ветнам хеле ҷолиб баргузор гардид. Бонувони футболбози тоҷик аз рақиби пурқуввати худ — дастаи мунтахаби занонаи Ветнам бо ҳисоби калони 7:0 мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё маҳрум гардиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Баъди ин вохӯрӣ дастаи мунтахаби занонаи Ветнам ба финали Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат ёфта, бо дастаи мунтахаби занонаи Индонезия рақобат мекунад. Чанд рӯз пеш дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» бар дастаи мунтахаби занонаи Малдив бо ҳисоби калони 4:0 ғалаба карда буд. Дар ин сабқати ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро Лайло Ҳалимова, Некубахт Худододова ва Наталя Сотникова ба нишон расонида, пирӯзии дастаашонро таъмин намуда буданд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона
Гурӯҳи «В». Даври 2-юм
Тоҷикистон – Малдив – 4:0
Голҳо: Лайло Ҳалимова, 2 (1:0). Некубахт Худододова, 13 (2:0). Лайло Ҳалимова, 24 (3:0). Наталя Сотникова, 58 (4:0).
Даври 3-юм
29 сентябр (чоршанбе)
Ветнам – Тоҷикистон-7:0
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






