ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дӯстона муайян шуд

Сентябрь 1, 2021 15:03

ДУШАНБЕ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии  дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол  Мубин Эргашев рӯйхати бозингаронро барои бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби ҷавонони  Баҳрайн, ки 3 ва 6 сентябр дар Манама баргузор мешавад, эълон кард, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба рӯйхати сармураббии  дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Мубин Эргашев 23 бозингар — 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомил шуданд. Доир ба омодагии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ба 1/8-финали Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 бо дастаи  «Персеполис»-и Эрон бозингарони  дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон даъват нашудаанд. Илова бар ин, ҳамлагари «Пенанг» Шериддин Бобоев бинобар маҳдудияти бемории Ковид дар Малайзия дар бозиҳои навбатии дӯстонаи дастаи мунтахаби  ҷавонони  Тоҷикистон иштирок намекунад.

Дастаи  ҷавонони Тоҷикистон   30 август дар Душанбе омодагиро ба бозиҳои дарпешистода бо дастаи мунтахаби Баҳрайн оғоз кард.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25 то 31 октябр дар шаҳри  Душанбе баргузор мешавад,  дастаи мунтахаби ҷавонони то  23-солаи Тоҷикистон  бо дастаҳои  мунтахаби Эрон, Лубнон ва Непал бозӣ мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) барои бозиҳои дӯстона бо дастаи  миллии Баҳрайн:

Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Куктош»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Дифоъгарон: Наимҷон Ибрагимзода («Хуҷанд»), Муҳаммад Саломзода («Куктош»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Муҳаммаҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду – «Хатлон»), Шоҳрух Сангов («Файзканд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Исроил Холов («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Кароматулло Саидов, Абдулмумин Забиров, Далер Ёдгоров (ҳарду – «Хуҷанд»), Сорбон Авғонов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА), Хуршед Абдуллоев («Душанбе»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шуҳрат Элмуродов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлаварон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

                                                                                                        АКС аз ФФТ

Сентябрь 1, 2021 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад