ФУТБОЛ. Дар Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз мешаванд

Сентябрь 22, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии  шаҳри Душанбе Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол  байни дастаҳои мунтахаби занонаи Малдив,  Ветнам,  Сингапур, Индонезия ва Тоҷикистон  оғоз мешавад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ҳамаи  дастаҳои иштирокчӣ барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занонаи гурӯҳҳои «В» ва «С» ба шаҳри Душанбе  омаданд. Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 байни дастаҳои  миллии занона дар гурӯҳи «В» 23 сентябр бо бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Малдив ва Ветнам оғоз мешавад. Рӯзи дигар, 24 сентябр, дар гурӯҳи «С»  вохӯрӣ байни дастаҳои  мунтахаби  Сингапур ва Индонезия баргузор мешавад. Асосан дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона панҷ бозӣ дар гурӯҳҳои «В» ва «С» баргузор мешавад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона:

Гурӯҳи «В»: Ветнам, Тоҷикистон, Малдив.

Даври 1-ум

23 сентябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Малдив – Ветнам

Даври 2-юм

26 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ 18:00

Тоҷикистон – Малдив

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Ветнам – Тоҷикистон

Гурӯҳи «С»: Сингапур, Индонезия.

Даври 1-ум

24 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 18:00

Сингапур – Индонезия

Даври 2-юм

27 сентябр (душанбе)

Оғози соати 18:00

Индонезия – Сингапур

Хотиррасон  мешавем, ки  ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе   соати 18:00 оғоз мешаванд.

                                              АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад