ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Ветнам рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо Ветнам баргузор мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» бар дастаи мунтахаби занонаи Малдив бо ҳисоби калони 4:0 ғалаба карда буд. Дар ин сабқати ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро Лайло Ҳалимова, Некубахт Худододова ва Наталя Сотникова ба нишон расонида, пирӯзии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро таъмин сохтанд. Дар даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи мусобиқа дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон имрӯз, 29 сентябр, бо дастаи мунтахаби занонаи Ветнам бозӣ хоҳад кард. Барои ба қисми ниҳоии чемпионати Осиё роҳ ёфтан дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро танҳо дар ин вохӯрӣ пирӯзӣ қаноатманд хоҳад кард.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона
Гурӯҳи «В». Даври 2-юм
Тоҷикистон – Малдив – 4:0
Голҳо: Лайло Ҳалимова, 2 (1:0). Некубахт Худододова, 13 (2:0). Лайло Ҳалимова, 24 (3:0). Наталя Сотникова, 58 (4:0).
Даври 2-юм
27 сентябр (душанбе)
Оғози соати 18:00
Индонезия – Сингапур
Даври 3-юм
29 сентябр (чоршанбе)
Оғози бозӣ соати 18:00
Ветнам – Тоҷикистон
Гурӯҳи «С»: Сингапур, Индонезия.
Хотиррасон мешавем, ки ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 18:00 оғоз мешаванд.
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






