ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври бистуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз се бозии дигари даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ — «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо КМВА-и шаҳри Душанбе, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан баргузор гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи футболи КМВА-шаҳри Душанбе дар даври 20-уми рақобатҳои қаҳрамонии Лигаи олӣ дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозӣ кард. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат доир шуда, бо натиҷаи 2:1 ба фоидаи дастаи футболи КМВА-шаҳри Душанбе хотима ёфт. Голи нахустини бозиро дар дақиқаи 33-юм легионери мизбонон — Овусу Обед ба нишон расонид. Дар дақиқаи 37-ум легионери КМВА — Люк Менҷана Леонел ба рақибон ҷавоб гардонид. Дар ин сабқат нуқтаи ниҳоиро Фирӯз Бобиев дар даҳаи охири бозӣ гузошта, пирӯзии дастаашро таъмин сохт. Баъди ин ғалаба дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе 30 имтиёз касб намуда, ба зинаи 3-юми ҷадвали чемпионати Тоҷикистон роҳ ёфт.
Бозии дигари даври мазкур байни дастаҳои футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ки дар ин рақобати ҷолиб бозингарони Хуҷанд бо бартарии 2:1 дастболо шуданд.
Дар рақобати дигари даври 20-уми Лигаи олӣ дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан рақобат намуданд. Сабқати дастаҳо дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуда, бо натиҷаи 2:1 ба фоидаи «Кӯктош» анҷом ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 3-юми бозӣ Бунёд Шодиев мизбононро ба пеш баровард. Баъдан дар дақиқаи 21-ум Азизбек Султонов шумораи голҳои дастаашро ба ду адад расонид. Кӯшишу талоши меҳмонон самар оварду дар дақиқаи 73-юм бо голи задаи Илҳомҷон Баротов натиҷа 2:1 шуд. Хотиррасон мекунем, ки дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ баъди 11 бозӣ ниҳоят дар Лигаи олӣ пирӯз шуд.
Ҳамин тавр, баъди ин бозӣ дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби 17 имтиёз шуда, ҳоло ҳам дар охири ҷадвали Лигаи олӣ ҷой дорад.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 20-ум
«Кӯктош» – «Истаравшан» – 2:1
Голҳо: Бунёд Шодиев, 3 (1:0). Азизбек Султонов, 21 (2:0). Илҳомҷон Баротов, 73 (2:1).
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 20-ум
«Равшан» – КМВА – 1:2
Голҳо: Овусу Обед, 33 (1:0). Люк Менҷана Леонел, 37 (1:1). Фирӯз Бобиев, 81 (1:2).
«Душанбе» – «Эсхата» – 1:2
Голҳо: Алинур Ниёзбеков, 50 (0:1). Хуршед Абдуллоев, 54 (1:1). Мубинҷон Мӯъминов, 71 (1:2).
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ
Даври 20-ум
«Истиқлол» — «Хатлон»- 1:0
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 79
«Файзканд» – «Хуҷанд» – 0:1
Гол: Дилшод Бозоров, 59.
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






