Имрӯз иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 6 масъала, аз ҷумла, дар бораи иҷрои нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти ҷамъоварии андоз ва барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025, оид ба ҳолати нигоҳдорӣ, истифодаи роҳҳо ва амалисозии фаъолияти роҳдорӣ дар шаҳри Душанбе, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии№8 ва№58, оид ба таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №8 ва№58, дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шуд.
Сипас вакилони халқ масъалаи иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти ҷамъоварии андоз ва барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин бора ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода шунида шуд.
Раиси шаҳр супориш доданд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти маъмурикунонии андоз, татбиқи самараноки Барнома, ҷоригардонии иқтисоди рақамӣ ва аз байн бурдани таъсири инсонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба андозсупорандагон, аз ҷониби мутахассисони баландихтисосу ботаҷрибаи соҳа расонидани ёрии амалӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуҳуқӣ роҳандозӣ карда шавад. Ҳамчунин ҷиҳати тақвияти фаъолияти мақомоти андоз, дарёфт намудани сарчашмаҳои нави андозбандӣ ва зиёд намудани воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ, таъмин намудани иҷрои саривақтии нақшаи андоз ва сифатнокии иҷрои он, аз байн бурдани бақияпулиҳои андоз, баланд бардоштани дониши андозӣ ва фарҳангии андозсупорандагон, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии пойтахт ва таъмини рушди босуботи соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ дар мақомоти андоз ва кам намудани санҷишҳои бемаврид чораҷӯӣ намоянд.
Дар идома вакилони халқ масъалаи ҳолати нигоҳдорӣ, истифодаи роҳҳо ва амалисозии фаъолияти роҳдорӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, аз рӯи он ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода шунида шуд.
Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки ҷиҳати то мавсими сармо ва оғози фасли зимистон ба анҷом расонидани корҳои навсозӣ, бахусус хобонидани қабати мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард, ки дар асоси лоиҳаҳои шаҳрӣ амалӣ мегарданд, барои ҳарчӣ зудтар ворид намудан ва ба кор андохтани корхонаи истеҳсоли асфалту бетон ва таъмини асфалти хушсифат, таъмини фаъолияти роҳдорӣ бо истифода аз технологияи муосир дар гузаронидани корҳои таъмири ҷорӣ, ободонии роҳҳо, таъмири роҳҳои пиёдагард ва таъмини масолеҳи босифат, бахусус асфалту бетонӣ бо гузаронидани онҳо аз озмоишгоҳҳои акредитатсиякардашуда тадбирҳо андешида шуда, ҳамчунин якҷо бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои ташкили идоракунии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои истифодашаванда ва таъмини бехатарию ҳаракати муназзами нақлиёт, пешгирии танбашавии онҳо, таъмин ва ба кор андохтани тарозуҳои муосири ченкунии мошинҳои боркаш дар чор тарафи шаҳр, бо дурнамо омода намудани лоиҳаҳои иншооти хизматрасонӣ дар роҳ ва пешбинӣ кардани нақбҳои хурди зарурӣ барои бе кандани роҳҳо гузаронидани хатҳои обу корезӣ ва коммуникатсия, истифодаи техникаҳои муосири замонавӣ, ба сангҳои ватанӣ иваз кардани сангканораҳо ва ба роҳ мондани иҷрои корҳои босифати таъмири ҷории роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, бахусус хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониш, барои дар мавсими бориш роҳ надодан ба ҷамъшавии об дар роҳҳо, махсусан дар роҳҳои дусатҳа, сесатҳа ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои дахлдор андешанд. Муҳтарам Раис ҳамчунин дастур доданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, тӯлкашии муҳлати корҳои таъмиру навсозии роҳҳо, таъмини иҷрои босифати корҳо, бунёди лабораторияи санҷиши маҳсулоти сохтмони роҳ ва бобати пурра омўхтани сатҳи касбияти ширкатҳои ғолиби озмунҳои сохтмони роҳҳо тадбирҳои қатъӣ андешида, барои тоза нигоҳ доштани ҷӯйбору селпартоҳо ва таҷдиду навсозии системаи обпартоӣ ва пурра омода намудани онҳо ба мавсими тирамоҳузимистони солҳои 2021-2022 масъулин бояд тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар ин раванд муҳтарам Раиси шаҳр масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати омода намудани дегхонаҳои марказҳои барқу гармидиҳӣ ва шабакаҳои гармидиҳанда, омода намудани биною иншоот барои қабули энергияи гармӣ ва додани шиносномаи қабули энергияи гармӣ, аз таъмир баровардани зеристгоҳҳои барқӣ ва иваз намудани таҷҳизоту хатҳои барқии фарсуда, захира намудани сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, маводҳои зидди лағжиш, омода намудани нақлиётҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, техникаву механизмҳои коммуналӣ барои тоза кардани роҳҳо дар фасли сармо, ба миқдори зарурӣ захира намудани маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, бахусус орд, сабзӣ, картошка ва дигар маҳсулот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар идомаи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколати вакилон аз ҳавзаи интихоботии рақами№8 Сафарзода Давлат Шариф бино бар муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳавзаи интихоботии рақами №58, Файзуллозода Хуршед Мирзоро бинобар муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданашон пеш аз мулат қатъ кард. Бинобар ин, бар ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии рақами№8 ва№58 28 ноябри соли 2021 интихобот муқаррар гардида, комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шуд.
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе якчанд қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.
Бо ҳамин иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»