Иштирокчиёни даври нимфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 муайян шуданд

Сентябрь 28, 2021 16:43

ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври чорякфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дастаҳои  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Пойтахт» ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар бозиҳои дуюми даври чорякфинали  Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дастаи  «Пойтахт»  бар дастаи футзали  «Помир»-и шаҳри Хоруғ  бо ҳисоби калони  6:0, дастаи  футзали  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бар дастаи   «Самандар»-и шаҳри Турсунзода  бо ҳисоби калони  5:0 зафар ёфтанд.

Дар нимфинал  дастаи  футзали  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо чемпиони феълии кишвар – дастаи  «Сипар»-и шаҳри  Хуҷанд ва «Пойтахт» бо  дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе  байни ҳам  вомехӯранд.

Дар асоси низомномаи чемпионат даври нимфинал аз силсилаи бозиҳо то ду ғалабаи яке аз дастаҳо иборат аст. Ғолибони даври нимфинал дар финал вомехӯранд, дастаҳои мағлуб барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд.

                                                                 АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2021 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд