Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос Анҷелес аз сохтани иншооти нав даст мекашад
ДУШАНБЕ, 05.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос Анҷелес нақша дорад, ки консепсияи ҳадди аксар истифода бурдани инфрасохтор ва иншооти варзишии мавҷударо амалӣ кунанд. Ин имкон медиҳад, ки ба ҷанбаҳои дигар таваҷҷуҳ карда шавад ва таъсири манфиро ба муҳити зист кам кунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бренс Калп, сухангӯи Кумитаи тадорукотии LA-2028 гуфтааст: «Лос Анҷелес аллакай барои баргузории Бозиҳои олимпии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатар омода аст. Мо метавонем ба принсипи такроран истифода бурдани беҳтарин сохторҳои шаҳр такя кунем. Ин на танҳо ба варзишгоҳҳо, балки ба пойгоҳҳои таълимӣ, биноҳои истиқоматии Донишгоҳи Калифорния, ки Деҳаи олимпӣ ҷойгир хоҳад шуд, дахл дорад».
Интизор меравад, ки чунин як равиши прагматикӣ, тибқи Рӯзномаи олимпӣ 2020+5, барои ташкилкунандагони Бозиҳои олимпии навбатӣ намунаи возеҳе гардад ва ба онҳо кӯмак кунад, ки раванди омодагӣ то ҳадди имкон аз лиҳози экологӣ тоза бошад.
Ин инчунин имкон медиҳад, ки Мемориали Колизейи Лос Анҷелес (ДАР АКС), ки ҳанӯз соли 1923 сохта шудааст, ба таърих ҳамчун ягона варзишгоҳ, ки се маротиба Бозиҳои олимпиро баргузор кардааст, дохил шавад: солҳои 1932, 1984 ва 2028.
АКСҲО: КМО Тоҷикистон









Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






