Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ дар Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2021 15:06

ДУШАНБЕ, 18.09.2021. /АМИТ “Ховар”/. 18 сентябр дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисиро гусел намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 16 то 18  сентябр бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон аввалин боздиди расмии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ аз кишварҳои хориҷӣ дар ин маснади олӣ мебошад.

Дар доираи сафари расмӣ аз руи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 18, 2021 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд