«МАСЪУД, МО БО ТУЕМ!». Неруҳои муқовимат толибонро дар Панҷшер шикаст доданд

Сентябрь 6, 2021 09:55

ДУШАНБЕ, 06.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷанговарони Ҷабҳаи муқовимат ҷангҷӯёни ҳаракати ифротгарои «Толибон»-и Афғонистонро аз вилояти Панҷшер, ки таҳти назорати онҳо нест, зада берун карданд ва толибони бисёреро, ки миёни онҳо, аз ҷумла, покистониҳо низ кам нестанд, асир гирифтанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе намояндаи муқовимати зидди толибон Фаҳим Даштӣ дар саҳифаи Twitter-и худ хабар дод.

«Панҷшер комилан аз толибон тоза карда шуд. Ҳадди ақалл ҳазор террорист ба дом афтоданд ва ҳамаи ҳамлагарон ҳангоми гурехтан ва ақибнишинӣ аз ҷониби ҷанговарони маҳаллии муқовимат маҳв карда шуданд, таслим шуданд ё асир гирифта шуданд. Аксари асирон хориҷиёнанд – бисёре аз онҳо покистонӣ ҳастанд»,- навиштааст ӯ. Рӯзи шанбе Даштӣ дар саҳифаи Twitter-и худ хабар дод, ки ҷанговарони Панҷшер тақрибан 600 ҷангҷӯи толибонро куштанд.

Як манбаи Sputnik дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иттилоъ додааст, ки ҳамаи нуқтаҳои калидӣ дар Ҳовак, Париён, Дарбанд ва дигар минтақаҳои Панҷшер аз толибон озод карда шуданд. Ин манбаъ инчунин афзудааст, ки ҷасадҳои ҷангҷӯёни кушташудаи толибонро, пас аз шиносоӣ, бо кумаки сокинони маҳаллӣ метавон гирифт.

Толибон дар оғози ҳафтаи гузашта пас аз анҷоми музокироти ин ҷунбиш бо ҳайати муқовимати миллӣ дар шаҳри Чорикор (маркази маъмурии музофоти Парвон) ҳамла ба Панҷшерро оғоз карданд.

Ҳаракати “Толибон”* пас аз эълони ИМА дар бораи азми хуруҷи нируҳои низомии худ аз Афғонистон амалиёти густурдаро барои назорат бар Афғонистон оғоз карданд. 15 август президент Ашраф Ғанӣ истеъфо дода, кишварро тарк кард ва толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.

Неруҳое, ки бо ҳокимияти ифротгароён розӣ нестанд, дар Панҷшер муқовимат ташкил карданд, ки ба он Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи машҳури саҳроӣ Аҳмадшоҳи Масъуд (1953-2001) раҳбарӣ мекунад. Ноиби президенти пешин Амруллоҳ Солеҳ, ки худро иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат эълон кард, даъват намуд, ки ӯро дастгирӣ кунанд.

Бино ба маълумоти ҳамсуҳбати Sputnik, шаби гузашта дар набардҳо дар Панҷшер тақрибан 30 сарбози Ҷабҳаи муқовимати миллӣ кушта ва 50 нафари дигар захмӣ шуданд. Аз рӯи маълумоти гуногун,  аз 300 то 1000 нафар ҷангҷӯёни “Толибон”* кушта шуда, тақрибан 500 нафар таслим шудаанд. Шумораи дақиқ муайян карда мешавад. Пештар дар бораи ҳалокати тақрибан ду ҳазор ифротгаро хабар дода шуда буд.

Генерал Атиқуло Бариолой, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ навишт, ки толибон ҳангоми ҷангҳо дар вилояти Панҷшер ба асорат афтодаанд ва  онҳо дар шароити хуб нигоҳ дошта мешаванд.

«Паёми онҳо ба дигар толибон ин аст, ки Панҷшер воқеан водии марг аст, онҳо аз ин ҷо зинда барнамегарданд»,-гуфт ӯ.

Як манбаи дигари Sputnik ҷузъиёти дигари ҷангҳоро дар Панҷшер шарҳ медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷангҳо барои гирифтани ин дара панҷ раҳбари маъруфи низомӣ аз ҷониби толибон ширкат кардаанд.

Ҳамид Хуросонӣ шаби гузашта як гурӯҳ террористонро ба рустоҳои Оноба ва Замонкури Панҷшер бурд. Отряди ҷангиён бо оташи неруҳои муқовимат дучор шуда, роҳбари ин қисм гурехтааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки чаҳор узви дигари маъруфи “Толибон” асир гирифта шудаанд. Инҳо Мавлавӣ Фазлхудо, Мавлавӣ Убайдулло ва фармондеҳон Муҳаммадуллоҳ ва Малик Додхудо мебошанд.

Дар аксари манотиқ неруҳои муқовимат ҳамлаҳои толибонро зада гардонданд ва ба онҳо талафоти калон расониданд, инчунин силоҳу лавозимотро мусодира карданд. Як гурӯҳи ҷангҷӯён ба сарҳади Панҷшер ва Бадахшон ақибнишинӣ карданд.

Шумораи тарафдорони Ҷабҳаи муқовимат меафзояд

Матбуоти Афғонистон менависад, ки шумораи тарафдорони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таҳти сарварии Аҳмад Масъуд рӯз то рӯз меафзояд. Бино ба гузоришҳои онҳо, Мавлавӣ Фатҳ Муҳаммад, яке аз фармондеҳони “Толибон”*, ҳамроҳ бо садҳо ҷангиёни худ ба неруҳои муқовимат пайвастаанд.

Миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон ба гирдиҳамоии ҷонибдорӣ аз Ҷабҳаи муқовимат бо парчамҳои Афғонистон, аксҳои сарвари ҷабҳа ва навиштаҷоти  «Масъуд, мо бо туем!» баромаданд.

Даҳҳо зан дар Кобул ва Ҳирот гирди ҳам омада, хостори баробарҳуқуқии мардону занон шуданд. Ҳазорон нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаҳои худ суханони дастгирӣ менависанд.

Толибон ба воҳима афтодаанд, дар ҳайати раҳбарии он ихтилоф ба вуҷуд омадааст

Дар ҳамин ҳол, дар Кобул тирпаронии толибонро дар кӯчаҳо манъ кардаанд, хабар медиҳад Sputnik. Директори маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия, роҳбари Маркази омӯзиши сиёсатҳои Афғонистон Андрей Серенко дар шабакаи шахсии худ дар Telegram менависад: «Чист ин — талаботи амниятӣ ё тарси аз даст додани қудрат?».

Яке аз нишонаҳои он, ба ақидаи сиёсатшинос, тирпаронӣ дар Кобул аст, ки онро метавон чун ҷашни «хеле шитобкорона»-и  «пирӯзӣ»-и ноком бар муқовимати Панҷшер шарҳ дод. Ёдовар мешавем, ки дар Кобул ҳангоми тирпаронии идона дар ҳаво 17 нафар кушта шуданд.

«Тирпарронӣ бо дигар мақсад буд: дар асл гурӯҳи Ҳаққонӣ, ки ба яке аз роҳбарони сиёсии ин ҳаракат Мулло Абдулғанӣ Бародар муқобилият дошт, кӯшиши табаддулот дар дохили “Толибон”-ро карда буд»,-гуфт Серенко.

Коршинос зикр кард, ки якбора чанд манбаъ дар бораи шиддат ёфтани муноқиша миёни раҳбарони “Толибон”* хабар медиҳанд.

Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, ки хатари ҷанги байниминтақавӣ миёни толибон байни қабилаи дурронии Қандаҳорӣ ва қабилаи Ҳаққонӣ, ки аз сӯи гурӯҳҳои гилзайӣ ва ISI-и Покистон (разведкаи байниидоравии Исломобод) пуштибонӣ мешаванд, афзоиш меёбад.

Коршинос инчунин таъхири эълони ҳайати ҳукумати навро ба ҳамин алоқаманд медонад.

Инчунин ба гуфтаи коршинос, чунин тақсимшавӣ далели возеҳи он аст, ки ба ном раҳбари “Толибон” Мулло Ҳайбатулло гурӯҳҳои мухталифи толибонро назорат намекунад.

Ҳамчунин раҳбари Маркази омӯзиши сиёсатҳои Афғонистон шарҳ дод, ки фарқи куллии байни ду урдугоҳи мухолифи Толибон дар чист.

Серенко менависад: «Гурӯҳҳои толибони Афғонистон бо сарварии Мулло Бародар гӯё ба таъсиси ҳукумати фарогир ва музокирот бо панҷшериён омодаанд». Аммо гурӯҳҳои Ҳаққонӣ мухолифи ҳукумати фарогиранд ва мехоҳанд гурӯҳи муқовиматро дар Панҷшер нобуд созанд.

Ба гуфтаи коршинос, сафари фаврии роҳбари ISI генерал Файёз Ҳамид ба Кобул низ метавонад бо зиддияти дохилии “Толибон”* алоқаманд бошад.

                                      АКС аз манбаъҳои озод

_________________________________

* Созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо мамнӯъ аст.

Сентябрь 6, 2021 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд