Меҳрубон Ҳоҷиқурбонзода дар Мусобиқаи байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ду рӯз аст, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук миёни варзишгарони синни 18-20-сола ҷараён дорад. Дар он аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 24 нафар, ки 4 нафарашон мураббӣ мебошанд, иштирок ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ доранд, хабар дод корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Варзишгарони тоҷик Меҳрубон Ҳоҷиқурбонзода дар намуди давидан дар масофаи 400 м бо монеаҳо медали тилло ва Шамсиддин Авазов дар намуди найзапартоӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин дигар варзишгаронамон дар намуди эстафетаи духтарона- 4х100 сазовори медали биринҷӣ ва эстафетаи писарона- 4х100 медали нуқраро соҳиб гардиданд.
Дар намуди найзапартоӣ Зикрулло Турахонов соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Барои ғолибият дар мусобиқаи мазкур қариб 1000 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон ва мизбони ин чорабинии варзишӣ- Узбекистон миёни ҳам рақобат доранд.
Мусобиқаи байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук миёни варзишгарони синни 18 ва 20-сола аз рӯйи дигар равияҳои варзиши сабук идома дорад.
АКС аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






