Миёни Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ миёни Федератсияи футболи ин кишвар ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Вохӯрӣ аз сӯи Дабири кулли Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ — Иброҳим Ал-Қосим ва Дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов сурат гирифта, ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкории федератсияҳои Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи оянда баррасӣ карданд.
Иброҳим Ал-Қосим талоши худро барои ҳамкории бештар бо Федератсияи футболи Тоҷикистон изҳор намуда, аз рушди бемайлони футболи тоҷик ситоиш кардааст. Эҳтимол меравад, ки баъди имзои Ёддошти тафоҳум ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла омӯзиши мураббиён ва бозиҳои санҷишӣ миёни варзишгарони тамоми синну сол сурат гирад.








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






