Намояндагони ВКД Тоҷикистон дар мизи мудаввари байналмилалӣ оид ба фаъолияти криминалистӣ ширкат варзиданд

Сентябрь 8, 2021 09:49

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ  Ховар»/.  Маркази криминалистии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия мизи мудаввари байналмилалиро оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти экспертизаи судӣ дар реҷаи алоқаи видео-конференсия бо иштироки сардори Маркази криминалистии ВКД ФР генерал-майори политсия Вадим Казмин баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони ёздаҳ созмон ва шуъбаҳои криминалистӣ аз ҳашт кишвари узви ИДМ, роҳбарони хадамоти экспертии Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус иштирок ва баромад намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Раёсати ташхисӣ (эксперт) — криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Муҳаммадюсуф Абдураҳмонзода дар мавзӯи «Ташкил намудани экспертизаи судӣ бо парвандаҳои ҷинояти экстремистӣ» баромад намуда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда фикру андешаҳои худро иброз дошт.

Ҳамчунин, сардори шуъбаи баллистикии Раёсати мазкур майори милитсия Фируз Назаршоев дар мавзӯи “Таҳқиқоти силоҳи оташфишон дар пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ” ва муовини сардори Маркази бақайдгирии давлатии дактилоскопии Раёсати ташхисӣ (эксперт) – криминалистии ВКД майори милитсия Елена Нахлопина оид ба фаъолияти экспертизаи судӣ муфассал баромад намуданд.

Кори минбаъда дар асоси ҳафт фасли мавзӯӣ сурат гирифт. Мавзӯъҳои афзалиятнок масъалаҳои ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти экспертӣ буданд. Дар бахшҳои алоҳида мушкилоти истеҳсоли дастнавис ва экспертизаи техникӣ ва судии ҳуҷҷатҳо, масъалаҳои мубрами фаъолият ва рушди баҳисобгирии экспертизаи судӣ баррасӣ карда шуданд.
Иштирокчиён ба равишҳои методологии муосири омӯзиши маводи мухаддири синтетикӣ, инчунин маводи тамоюли экстремистидошта диққати махсус доданд. Инчунин дар ҷараёни мизи мудаввар масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ, ки барои ҳамаи кишварҳои узви ИДМ марбутанд, баррасӣ гардиданд.

Дар натиҷаи мизи мудаввари байналмилалӣ аҳамияти нигоҳ доштани робитаҳои касбӣ байни хадамоти экспертии кишварҳои узви ИДМ, ҳатто дар шароити маҳдудиятҳои марбут ба пандемия қайд карда шуд. Иштирокдорон ба зарурати таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи экспертизаи судӣ изҳори боварӣ намуданд.

АКС: ВКД ҶТ

Сентябрь 8, 2021 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд