Ғолибони аввалин Мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ барои ҷоизаҳои Расул Боқиев муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 сентябр дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ оид ба намуди гӯштини дзюдо барои дарёфти ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев доир шуд, хабар дод сардовари мусобиқа Суҳроб Раҳимов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо аз рӯи 7 вазн миёни мардон сурат гирифт. Дар мусобиқаи мазкур 92 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар миёни ҳам рақобат карданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони аввалин Мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ барои ҷоизаҳои Расул Боқиев:
Вазни -60кг
1. Муҳаммадсолеҳ Қувватов, (Душанбе-2)
2. Акбар Хоҷаев, (Хатлон-1)
3. Муҳаммадризо Қувватов, (Душанбе-1)
3. Сомон Аламов,(Хатлон-1)
Вазни -66кг
1. Абубакр Боқиев (Хатлон-1)
2. Фаррух Ҳалимов (Душанбе-2)
3. Муслимбек Каримов(Хатлон-1)
3. Фирӯз Мелбойзода (Хатлон-1)
Вазни -73кг
1. Наврӯз Каримов (Душанбе-2)
2. Алӣ Боқиев (Хатлон-1)
3. Бахтиёр Бозоров (Душанбе-1)
3. Муҳаммадиқбол Тошов (Душанбе-1)
Вазни -81кг
1. Умар Расулов (ШНТМ)
2. Сиёвуш Азизов (Хатлон-1)
3. Ҳайдар Сайкабирзода (Душанбе-2)
3. Муин Тағойзода (ШНТМ)
Вазни -90кг
1. Раҷабалӣ Муҳаммадиев (Хатлон-1)
2. Муҳсин Мулоев (Душанбе-2)
3. Сомон Кишваров (Душанбе-2)
3. Абдулло Абдуллоев (ШНТМ)
Вазни -100кг
1. Меҳроб Тағоймуродзода (Душанбе-2)
2. Саймуъмин Алиев(Хатлон-1)
3. Иброҳим Элмуродов (Душанбе-1)
3. Эмом Камолов (Душанбе-2)
Вазни +100кг
1. Озодбек Ҷӯраев (Душанбе-1)
2. Умед Камомолов (Душанбе-1)
3. Файзалӣ Яхчибоков(Душанбе-1)
3. Толибҷон Тоиров (Душанбе-1)
Ёдовар мешавем, ки паҳлавони шинохтаи тоҷик Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Нозукиҳои гӯштини миллӣ ва дзюдоро аз падараш – Мураббии хизматнишондодаи варзиши Тоҷикистон Худойназар Боқиев омӯхтааст.
Ӯ ҳоло дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ дорад.
Расул Боқиев соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни -73кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Ӯ ҳамчунин медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2007, Рио-де-Жанейрои Бразилия), медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2010, Гуанжоуи Чин), медали нуқра ва ду медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст оварда, се маротиба ғолиби Ҷоми ҷаҳон гардидааст.
Расул Боқиев бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008 бо мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи I қадрдонӣ гардидааст.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






