Ғолибони аввалин Мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ барои ҷоизаҳои Расул Боқиев муайян шуданд

Сентябрь 30, 2021 16:31

ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 сентябр дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ оид ба  намуди гӯштини  дзюдо  барои дарёфти ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев доир шуд, хабар дод сардовари мусобиқа Суҳроб Раҳимов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар». 

Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо аз рӯи 7 вазн миёни мардон сурат гирифт. Дар мусобиқаи мазкур  92 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар миёни ҳам рақобат карданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони аввалин Мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ барои ҷоизаҳои Расул Боқиев:

Вазни -60кг
1. Муҳаммадсолеҳ Қувватов, (Душанбе-2)
2. Акбар Хоҷаев, (Хатлон-1)
3. Муҳаммадризо Қувватов, (Душанбе-1)
3. Сомон Аламов,(Хатлон-1)

Вазни -66кг
1. Абубакр Боқиев (Хатлон-1)
2. Фаррух Ҳалимов (Душанбе-2)
3. Муслимбек Каримов(Хатлон-1)
3. Фирӯз Мелбойзода (Хатлон-1)

Вазни -73кг
1. Наврӯз Каримов (Душанбе-2)
2. Алӣ Боқиев (Хатлон-1)
3. Бахтиёр Бозоров (Душанбе-1)
3. Муҳаммадиқбол Тошов (Душанбе-1)

Вазни -81кг
1. Умар Расулов (ШНТМ)
2. Сиёвуш Азизов (Хатлон-1)
3. Ҳайдар Сайкабирзода (Душанбе-2)
3. Муин Тағойзода (ШНТМ)

Вазни -90кг
1. Раҷабалӣ Муҳаммадиев (Хатлон-1)
2. Муҳсин Мулоев (Душанбе-2)
3. Сомон Кишваров (Душанбе-2)
3. Абдулло Абдуллоев (ШНТМ)

Вазни -100кг
1. Меҳроб Тағоймуродзода (Душанбе-2)
2. Саймуъмин Алиев(Хатлон-1)
3. Иброҳим Элмуродов (Душанбе-1)
3. Эмом Камолов (Душанбе-2)

Вазни +100кг
1. Озодбек Ҷӯраев (Душанбе-1)
2. Умед Камомолов (Душанбе-1)
3. Файзалӣ Яхчибоков(Душанбе-1)
3. Толибҷон Тоиров (Душанбе-1)

Ёдовар мешавем, ки   паҳлавони шинохтаи тоҷик Расул Боқиев 29  сентябри соли 1982 дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Нозукиҳои гӯштини миллӣ ва дзюдоро аз падараш – Мураббии хизматнишондодаи варзиши Тоҷикистон Худойназар Боқиев омӯхтааст.
Ӯ ҳоло дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ дорад.

Расул Боқиев соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни -73кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Ӯ ҳамчунин медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2007, Рио-де-Жанейрои Бразилия), медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2010, Гуанжоуи Чин), медали нуқра ва ду медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст оварда, се маротиба ғолиби Ҷоми ҷаҳон гардидааст.

Расул Боқиев бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008 бо мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи I қадрдонӣ гардидааст.

                                                                             АКС  аз КМО Тоҷикистон

Сентябрь 30, 2021 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад