Ғолибони бозиҳои аввали даври чорякфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 муайян шуданд

Сентябрь 21, 2021 14:28

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе   бозиҳои аввали даври чорякфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дастаи футзали  «Пойтахт» бар дастаи футзали  «Помир»-и шаҳри  Хоруғ бо ҳисоби 6:4 ғалаба кард, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ҳайати дастаи ғолиб Рамз Амрохонов се гол ба ҳадаф расонид. Дар бозии дигар  дастаи футзали «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби калони  4:0 шикаст дод. Самандар Ризомов ду гол, Нусратшо Исмоилов ва Мирсаид Камолов якголӣ ба нишон расониданд.

Бозиҳои дуюми даври чорякфинал 25 сентябр дар толорҳои варзишии мамлакат баргузор мегарданд. Тибқи низомнома, чорякфинал аз силсилабозиҳо то 2 ғалабаи яке аз дастаҳо иборат аст. Ғолибони чорякфинал дар нимфинал бо  дастаҳои футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд вомехӯранд.

Нимфинал низ аз силсилабозиҳо то ду ғалабаи яке аз дастаҳо сурат мегирад. Сипас, ғолибони нимфинал дар финал, мағлубон барои ҷои сеюм вомехӯранд.

                                                                                                                                 АКС аз ФФТ

 

Сентябрь 21, 2021 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд