Ғолибони бозиҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 сентябр дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври бисту якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ миёни ҳам рақобат карданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ин навбат дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар сафар бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, аз тарки Лигаи олӣ раҳоӣ ёфт. Голи ягонаи бозиро Н’Ди Лукас Кевин дар дақиқаи 54-ум ба нишон расонид. Дастаи футболи «Файзканд»- и ноҳияи Восеъ, ки дар чанд даври охир дар ҷои нуҳуми ҷадвал буд, бо шарофати ин ғалаба ба ҷои ҳаштум баромад.
КМВА пирӯзиҳояшро идома дода, ин бор ба дарвозаи дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе 4 голи беҷавоб зад. Ҳар чор тӯбро Фатҳулло Фатҳуллоев вориди дарвозаи ҳариф намуд.
Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Дар дақиқаи дуюми бозӣ футболбози дастаи «Кӯктош» Нодирбек Иброҳимов нохост тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард. Се голи дигари хуҷандиҳоро Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов ва Далер Ёдгоров ба нишон расониданд. Голҳои дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро Насимҷон Муҳаммадиев ба ҳадаф расонид.
Дар бозии марказии давр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сафар бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:0 зафар ёфт ва мавқеашро дар ҷои аввал мустаҳкамтар намуд. Голро Алексей Ларин дар дақиқаи 48 ба нишон расонид.
Дар бозӣ миёни ду дастаи вилояти Хатлон — «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб «Хатлон» бо ҳисоби 2:1 зафар ёфт. Ҳисобро бозингари дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Овусу Обед дар дақиқаи 10 кушод. Бозингарони дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар Нуриддин Ҳамроқулов ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар нимаи дуюм ду гол зада, ғалабаи дастаашонро таъмин намуданд.
Пас аз натиҷагирии 21 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 51 хол дорад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 10 хол камтар (41) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 33 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.
| ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 20 | 16 | 3 | 1 | 57-7 | 51 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 20 | 13 | 2 | 5 | 43-21 | 41 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 21 | 9 | 6 | 6 | 30-25 | 33 |
| 4 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 21 | 8 | 5 | 8 | 23-22 | 29 |
| 5 | «Хатлон» (Бохтар) | 21 | 8 | 5 | 8 | 23-26 | 29 |
| 6 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 21 | 8 | 3 | 10 | 29-35 | 27 |
| 7 | «Равшан» (Кӯлоб) | 21 | 5 | 8 | 8 | 20-26 | 23 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 21 | 5 | 5 | 11 | 14-26 | 20 |
| 9 | «Душанбе» (Душанбе) | 21 | 4 | 6 | 11 | 21-48 | 18 |
| 10 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 21 | 4 | 5 | 12 | 26-50 | 17 |
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






