Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Андешаҳои олим ва коршинос Муҳаммадӣ Сафолзода

Сентябрь 8, 2021 16:58

ДУШАНБЕ, 08.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи мамлакатҳо Истиқлолияти давлатӣ аз ҷумлаи мафҳумҳо ва арзишҳои муқаддасе ба шумор меравад, ки миллатҳо ва халқҳои ҳар як кишвар ба хотири дастёбӣ ба он кӯшишу талош меварзанд.

Андешаҳои олими шарқшиноси тоҷик, коршиноси равобити байналмилалӣ Муҳаммадӣ САФОЛЗОДА доир ба ин мавзӯъ манзури хонандагон мегарданд.

-Ин давраи муҳиме ба шумор меравад, ки дар дар замири худ эҳёи давлатдории миллати тоҷикро баъди ҳазорсолаҳо таҷассум намуда, амалӣ гаштани орзуву омолест, ки дар мавриди он наслҳои зиёди гузаштагони мо орзу мекарданд ва ҷиҳати дастрасӣ ба он саъй доштанд.

Ҳарчанд муддати 30  сол аз нигоҳи таърихӣ ба ҷуз аз лаҳзае беш неш нест, аммо дар ҷавҳари худ барои бештари мардуми дунё  он тавонистааст замони навсозӣ ва истиқрорро дар бар бигирад.

Дар робита ба халқи тоҷик ин давра ба таври куллӣ аз таърихи халқҳои дигар, ба шумули ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ фарқ менамояд, зеро он дар оғози худ аз ҳаводиси фоҷиабор пур аст, ки саҳифаҳои ваҳшатноки ин давраи мушаххаси таърихӣ ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ба шумор меравад ва дар фарқият аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуморе зиёде аз мамолики ҷаҳон натавонистанд ба таври шоиста аз он берун шаванд.

Муҳимияти мавзуъ дар он зоҳир мегардад, ки ин давраи таърихӣ на танҳо лаҳазоти мушкилоти фарогир, балки замони музаффарият, дастовардҳои навро низ таҷассум менамояд, ки ҷавҳари онро барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ба сатҳи баланд бардошта шудани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии халқ, ҳамзамон боло шудани обрў ва эътибори кишвар дар сатҳи байналмилалӣ ташкил медиҳад.

Дар ин давраи таърихиву тақдирсоз ва воқеии таърихи Тоҷикистони замони Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин нақш ва хизмат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.

24 августи соли 1990 Декларатсияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон карда мешавад. Аммо, дар ин муддат бо дарназардошти вобастагиҳои муайяне, ки дар Тоҷикистон рух доданд, ба мисли тазоҳуроти ғайриқонунӣ, истеъфоҳои сиёсӣ тавонистанд вазъи ҷомеаи кишварро бесубот созанд.

Маҳз дар ҳамин ҷараёни бесуботӣ ва номуайянии самти сиёсии мамлакат, 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон эълон гардид.

Баъди ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон ба туфайли хиёнати неруҳои муайяни дохилӣ ва хоҷагони хориҷиашон ба тӯфони ноооромиҳо рў ба рў гардид.

Натиҷаи он ҷанги таҳмилӣ барои кишвари мо беш аз 150 ҳазор нафар кушта, зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ хисороти молӣ ва болотар аз 50 ҳазор нафар атфолро бесаробон сохт.

Табиист, ки саволе ба миён меояд, ки ин ҳама талафотро кӣ ҷуброн хоҳад кард, ки бузургтарин ва ҷуброннопазиртарини он ҳаёти инсонҳо – сокинони Тоҷикистон аст?

Маҳз дар чунин як давраи тақдирсози давлати Тоҷикистон, таърих дар ҷаласаи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсияти таърихиеро интихоб намуд, ки ў ба бунёди зиндагии нав ва эҳёи кишвар санги асос  гузошт.

Агар ба саҳифаи таърихи гузаштаи он замон назар биафканем, нақши тақдирсози Пешвои муаззами миллат ҷиҳати  овардани сулҳу субот ва бозсозии мамлакат аз он рўзҳо медурахшид.

Мисоли равшани онро метавон дар «Муроҷиатнома ба халқи Тоҷикистон» дид, ки ин санад 12 декабри соли 1992, ҳанўз як моҳ ҳам аз рўзи интихоби Сарвари Давлати Тоҷикистон нагузашта буд, ки ў тавонист тамоми орзу ва омоли ҳазорсолаи сокинони ин марзу бумро инъикос диҳад. Аз ҷумла, дар Муроҷиатнома омадааст: «Дар чунин шароити ба амаломада, нахустин вазифаҳо аз ҳадфҳои зерин иборат мебошанд:

— ба таври фаврӣ барқарор намудани ниҳодҳои қонунии ҳокимият ва идораи давлатӣ, таъмин кардани фаъолияти таъхирнопазир ва муназзами онҳо, таъсиси сохтори амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳо, таъмини шароити зарурӣ, ҷиҳати иҷрои вазоифи касбии онҳо, ки барои ҳифзи шараф ва ифтихороти онҳо, амнияти сокинони ҷумҳурӣ равона гардидааст.

— баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба маҳалли зисти доимии онҳо, таъмини онҳо бо сарпаноҳ, либос, маводи ғизоӣ, маводи сўхт, барқ, оғоз намудани корҳо ҷиҳати барқарор намудани объектҳои вайронгардида.

Хамзамон, дар ин санади муҳим омадааст, ки:

— корҳо ҷиҳати гузариши иқтисодиёти кишвар ба муносибатҳои бозорӣ идома дода шуда, дар ин чаҳорчўб барномаҳои махсуси  иҷтимоӣ оид ба ислоҳот дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, системаи молиявӣ-қарзӣ ва бонкӣ, истифодаи захираҳои табиӣ, омода кардани кадрҳои насли нав, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хосатан қишри камбизоат дар назар гирифта шавад.

Дар ин росто вобаста ба вазифаҳои ҳаётан ва аз нигоҳи стратегӣ муҳим зикр гардидааст: навсозии бунёди қонунгузории ҷумҳурӣ ва мутобиқ сохтани он ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқӣ; ташаккули Тоҷикистони нави демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ; таъсиси артиши миллии худ ва ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон; ворид гардидани Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ ва барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ бо тамоми кишварҳое, ки мехоҳанд бо кишвари Тоҷикистон ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ба роҳ монанд.

Дар ин маврид бояд ташаббуси созандаи ўро ба таври хос зикр намуд, ки дар оғози Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тақсим намудани 75 ҳазор гектар замин тавонистанд мардумро аз гуруснагӣ наҷот диҳанд.

Тамоми он нақшаҳое, ки дар ин муддат тарҳрезӣ гардида буданд, бошарафона иҷро шуданд.

Аз дурии 30 сол агар ин нақшаҳои ба миён омадаро таҳлил намоем, ба таври баръало намоён аст, ки дастовардҳои мамлакат дар ин муддат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоёни таҳсин ва мояи ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки он ҳаводисе, ки 30 сол пеш дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст, дар таносуб бо он дигаргуниҳои хатарзое, ки дар ҷаҳон мегузаранд, шурӯъ аз «баҳори араб» то ба инқилобҳои «ранга» ва «лолагӣ», минҷумла дар баъзе кишварҳои минтақаи Африқои Шимолӣ, Шарқи Наздик ва Миёна, ки дар ҷараёни онҳо триллион доллари ИМА барои нобуд сохтани терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва барқарории сулҳу субот сарф мегардад, хизмати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти боз ҳам бештари таърихӣ ва тақдирсоз касб менамояд.

Танҳо мавзӯи бозгашти муҳоҷирини иҷбории Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат ба ҷойҳои муқимиашон, ки теъдоди онҳо болотар аз як миллион буд, аз ҷумлаи он ибтикороти Пешвои муаззами миллат ба шумор меравад, ки дар партави ҳодисаҳои имрўзи ҷаҳон мавриди таҳсин аст.

Табиист, ки аз ҷумлаи он шоҳкориҳои бешумору беназире, ки Пешвои муаззами миллат дар баробари манфиатҳои миллии Тоҷикистон анҷом додаанд, барҷастатарини онҳо барқарории сулҳу суботи устувор дар мамлакат ба шумор меравад, ки санади таърихии он таҳти унвони Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расида, мавриди омўзиши ҷомеаи башарӣ қарор дорад.

Дастоварди ин ҷараён, ки таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон, аз ҷумла Федератсияи Русия сурат гирифтааст, дар кишвар ба онҳо бо назари қадршиносӣ менигаранд.

Аммо, чуноне, ки таърихи ҳаллу фасли низоъҳо дар ҷаҳон нишон медиҳад, нақши таърихӣ ва тақдирсози шахсиятҳо дар ин росто бунёдӣ аст, ки нишонаи барҷастаи он ҷоннисориҳои бемисли Пешвои муказзами миллат ба ҳисоб мераванд. Аз раванди музокироти баёни тоҷикон танҳо даври панҷуми онро метавон мисол овард, ки он муддати 75 рўз идома ёфтааст ва таърихи музокироти дипломатӣ чунин ҷараёнро ёд надорад. Яъне, дар ин миён шартҳое ба вуҷуд меомаданд, ки ҳадафи онҳо ҳалли мушкилоти имконнопазир буд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, Пешвои муаззами миллат ба хотири манофеи миллии Тоҷикистон, ки миллионҳо нафар дар мамлакат чашм ба сўи ин шахсияти таърихӣ дӯхта буданд, мушкилтарин шартҳоро пазируфтанд, то дар хонадони тоҷикистониҳо сулҳу суботи деринтизор таъмин гардад.

Маврид ба зикр аст, ки ин дастоварди нодир аз ҷониби собиқ Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан низ ҳамчун таҷрибаи омўзанда иброз шуда буд.

Ин нукта ҳам бояд ёдовар шавад, ки дар даҳаи аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои стратегӣ мубориза бо терроризми байналмилалӣ буд, ки ин падидаи хатарнок дар айёми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро ҳадафи худ қарор дода буд.

Дар ин росто, таҷрибаи Пешвои муаззами миллат дорои аҳаммияти хос аст, ки дар он маврид борҳо аз минбарҳои сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ онҳо ибрози назар кардаанд.

Вобаста ба ин метавон аз суханронии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон 21 октябри соли 2002 ёдовар шуд, ки дар мулоқоти Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан бо аъзои Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гаштаанд ва бо он диди мутафаккиронаи дурнамои мубориза бо ин вабои аср ибрози назар карданд ва бо мурури замон таъкидҳояшон на танҳо ҷиҳати таъмини амнияти миллии Тоҷикистон, кишварҳои минтақа, балки барои тамоми ҷомеаи байналмилалӣ аз аҳамияти хос бархўрдор аст.

Нуктаи муҳим вобаста ба ин масъала дар он зоҳир мегардад, ки Пешвои муаззами миллат бо назардошти асосҳои бунёдӣ ва сабабҳои паҳн гаштани терроризм дар мамлакатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ начандон бой бар ин назаранд, ки муқовимат ба таҳдидҳои террористӣ – бо назардошти гуногунпаҳлую гуногунсатҳ ва амиқ будани решаҳои ин падидаи барои тамаддуни инсоният бегона, — чунин мешуморад, ки он вазифаи дарозмуддат дар назди инсоният ба шумор меравад.

Дар ин маврид таъкид бар он сурат гирифтааст, ки дар ин муборизаи ягона, бар иловаи иродаи муштарак, муттаҳид сохтани захираҳо ва таҳкими асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ, кӯшишҳое, ки баъди ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 аз ҷониби Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ ба миён омадаанд, бояд ба аз байн бурдани сабабҳои решавии терроризм, ки дар танзим нагардидани низоъҳою бесобиқатарин нобаробарии иҷтимоиву иқтисодии байни мамлакатҳои бой ва камбағал зоҳир мегардад, равона карда шаванд.

Даҳаи дуюми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – замони тавсеаи уфуқҳои давлатдории кишвар ба шумор меравад, ки дар баробари дастовардҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, имиҷи байналмилалии мамлакат баланд гардид.

Табиист, ки дар баробари иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи муштараки ҷомеаи байналмилалӣ алайҳи терроризми байналмилалӣ, ки дар заминаи ибтикороти созандаи Пешвои муаззами миллат сурат гирифта буданд, дар раванди сиёсати хориҷии  кишвар сиёсати «дарҳои кушод» мақом манзалати хоссае ба худ касб намудааст.

Бар ин асос, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ дошта, иртиботи мутақобилан судманд ба роҳ мондааст.

Даҳаи сеюм идомаи он шоҳкориҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки тавонистааст дар кишвар се ҳадафи муҳими стратегӣ: таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва баровардани мамлакат аз  бунбасти коммуникатсиониро ҳал намояд.

Дар заминаи дастовардҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, ҳадафи чаҳорум — саноатикунонии босуръати мамлакат идома дорад.

Дар ин роҳи пуршарафи таърихие, ки кишвари мо бо дастовардҳояш тай намудааст, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кору пайкори беназир ва номи пуршарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва ин амалҳои шоистаи таҳсин нишонаи дурахшон ва қутбнамо барои наслҳои оянда ба шумор меравад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2021 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд