Президенти Тоҷикистон аз минбари СММ зуҳуроти беқонунӣ, куштор ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум намуданд

Сентябрь 24, 2021 07:07

ДУШАНБЕ, 24.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тариқи видеоконфронс изҳор доштанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз он изҳори таассуф намуданд, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд.

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст.

Маврид ба зикр аст, таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа мебошад.

Вазъи буҳронии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр сарҳади муштарак дорад, Ҳукумат ва мардуми кишвари моро бетафовут гузошта наметавонад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ “Ховар”

Сентябрь 24, 2021 07:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон