Президенти Тоҷикистон: Давоми солҳои 1995 – 1997 ба аҳолӣ 75 ҳазор гектар замин тақсим карда шуд

Сентябрь 8, 2021 11:49

ДУШАНБЕ, 08.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Барои пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ ва минбаъд бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи бештар таъмин намудани бозори истеъмолӣ давоми солҳои 1995 – 1997 ба аҳолӣ 75 ҳазор гектар замин, ки байни мардум ҳамчун «заминҳои президентӣ» маъмул мебошанд, тақсим карда шуд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ изҳор доштанд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар давраи соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории кишвар тавассути ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи даҳҳо барномаи соҳавӣ, аз ҷумла дар самти таҷдиди сохтори ташкиливу ҳуқуқии хоҷагиҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзоиш додани майдони боғу токзор ва таъмин намудани дастрасии деҳқонон ба манбаъҳои молиявӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид ва мо бо ҳамин роҳ ба суръати баланди рушди соҳаи кишоварзӣ муваффақ гардидем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, майдони онҳо ба беш аз 200 ҳазор гектар расид, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2020 нисбат ба соли 1997-ум 5,4 баробар афзоиш ёфта, ба 33,6 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ истеҳсоли ғалла 5,3 баробар, картошка 10, сабзавот ва мева 7 баробар зиёд гардида, таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватании аз ҷиҳати экологӣ тоза хеле беҳтар гардид».

Вобаста ба кишти такрории зироат, ки бо тавсияҳои Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди амал қарор дода шуд, зикр гардид, ки «тайи солҳои истиқлол мо таҷрибаи бисёр судманди кишти такрориро васеъ ҷорӣ кардем ва ҳар сол дар кишвар дар майдони 200 ҳазор гектар кишти такрории зироат ба роҳ мондем.

Ҳоло дар кишвар ҳар сол бо иловаи кишти такрорӣ дар майдони беш аз 900 ҳазор гектар замини обӣ кишти зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Агар дар 200 ҳазор гектар якнафарӣ соҳиби ҷойи кор шуда бошанд, 200 ҳазор нафар ва дар сурати дунафарӣ ба ҳар як гектар 400 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд.

Дигар манфиати кишти такрорӣ аз он иборат аст, ки мо бо ҳамин роҳ талафоти 138 ҳазор гектар замини барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсимшударо ҷуброн кардем».

-Бинобар ин ба тамоми кишоварзони мамлакат, ки тавассути баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноки обу замин ба хотири афзун намудани истеҳсоли озуқаворӣ, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқавории кишвар софдилона заҳмат мекашанд, миннатдории самимӣ баён менамоям, — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сентябрь 8, 2021 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд