Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими  Раисӣ дар доираи сафари расмии худ ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард

Сентябрь 18, 2021 18:41

ДУШАНБЕ, 18.09.2021. АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим  Раисӣ дар доираи сафари расмии худ бо ҳайати ҳамроҳонаш нимаи дуюми имрӯз ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.

Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир ва дигар намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ботантана пешвоз гирифтанд.

Гурӯҳи меҳмонон бо ҳайати ҳамроҳонаш оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Баъдан, аз осорхонаи назди оромгоҳ дидан намуда, аз намоиши тетрикунонидашудаи кормандони Театри мусиқӣ мазҳакавии Саидалӣ Вализода рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.

Дар саҳни оромгоҳ вохӯрӣ бо устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нутқи худ густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эронро бисёрҷабҳа хонда, қайд намуд, ки миллати эрону тоҷик ҳамзабону ҳамдину ҳамдиланд. Минбаъд равобити Тоҷикистону Эрон бештар густариш хоҳад ёфт.

Пас аз вохӯрӣ меҳмононро намояндагони ҳукумат аз фурудгоҳи Кӯлоб гусел намуданд.

АКСҲО: МИҲД вилояти Хатлон

Сентябрь 18, 2021 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд