Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ дар доираи сафари расмии худ ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард
ДУШАНБЕ, 18.09.2021. АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар доираи сафари расмии худ бо ҳайати ҳамроҳонаш нимаи дуюми имрӯз ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.
Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир ва дигар намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ботантана пешвоз гирифтанд.
Гурӯҳи меҳмонон бо ҳайати ҳамроҳонаш оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Баъдан, аз осорхонаи назди оромгоҳ дидан намуда, аз намоиши тетрикунонидашудаи кормандони Театри мусиқӣ мазҳакавии Саидалӣ Вализода рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.
Дар саҳни оромгоҳ вохӯрӣ бо устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нутқи худ густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эронро бисёрҷабҳа хонда, қайд намуд, ки миллати эрону тоҷик ҳамзабону ҳамдину ҳамдиланд. Минбаъд равобити Тоҷикистону Эрон бештар густариш хоҳад ёфт.
Пас аз вохӯрӣ меҳмононро намояндагони ҳукумат аз фурудгоҳи Кӯлоб гусел намуданд.
АКСҲО: МИҲД вилояти Хатлон













Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд






