Русия ба Тоҷикистон дар тақвияти ташхиси коронавирус кумак мекунад
ДУШАНБЕ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Русия ба Тоҷикистон миқдори иловагии тестҳоро барои муайян кардани коронавирус медиҳад. Дар ин бора Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва роҳбари “Роспотребнадзор” Анна Попова дар вохӯрии онлайнӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҷаласа ба вазъи кунунии эпидемиологии сирояти нави коронавирус, мубориза бо COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи беҳбуди санитарию эпидемиологии байни кишварҳои мо бахшида шуда буд.
Ҷониби Тоҷикистон барои дастгирӣ дар мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 дар солҳои 2020-2021, вақте ки коршиносони созмонҳои тадқиқотии “Роспотребнадзор” барои расонидани кумаки машваратӣ ва методӣ, баланд бардоштани иқтидори озмоишгоҳҳои ташхиси COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буданд, изҳори сипос намуд.
Зикр карда шуд, ки дар ояндаи наздик Роспотребнадзор интиқоли иловагии доруҳои ташхисиро барои муайян кардани коронавируси нав ба нақша гирифтааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои расонидани кумаки машваратӣ дар соҳаи бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва биологӣ, бо равишҳои русӣ омӯзонидани мутахассисони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ баррасӣ шуданд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои дахлдор идома диҳанд, ба болоравии сатҳи ҳамкорӣ мусоидат намоянд ва бо мукаммалсозии кор дар таъмини беҳбуди санитарию эпидемиологӣ кумак кунанд.
АКСҲО аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






