Русия дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Афғонистон пойгоҳи 201-умро бо танкҳои муосир тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Пойгоҳи 201-уми низомии Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, то охири соли 2021 30 танки замонавӣ мегиранд, хабар дод сардори хадамоти зиреҳпӯши Округи марказии ҳарбӣ Ҳаниф Беглов, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik. «То охири сол 30 танки муосир барои иваз кардани мошинҳои ҷангии қаблии баталёни танкии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон оварда мешаванд»,- гуфт Беглов. Танки Т-72 Б3М хусусияти ҷангии такмилдодашуда дорад. Ҳамин тариқ, дар мошини ҷангӣ муҳофизати зиреҳи экипаж ва дастгоҳ баланд аст. Танк бо силоҳи муосиртар ва захираҳои афзоянда муҷаҳҳаз аст.
Мошинҳои ҷангӣ ҳамчунин бо муҳаррики нав ва системаи коммуникатсионии зиддисадоии «Акведук» муҷаҳҳаз карда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки иваз кардани танкҳо дар пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари тезу тунд шудани вазъ дар Афғонистони ҳамсоя сурат мегирад.
Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни радикалии «Толибон»* Кобулро забт ва қасри президентро иҳота карданд; дар охири моҳ толибон қисми зиёди кишварро таҳти назорат гирифтанд. Дар натиҷа Ашраф Ғанӣ аз мақоми сарвари давлат истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.
Роҳбарияти ҳаракат ҳайати ҳукумати муваққатиро эълон кард. Аз оғози авҷ гирифтани муноқиша дар Афғонистон як силсила машқҳои низомӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баргузор шуданд.Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчунин аз тамрини нави низомӣ дар Тоҷикистон хабар дод, ки моҳи октябр баргузор мешавад. Қаблан дар бораи таъсиси системаи ягонаи минтақавии дифои ҳавоии Русия ва Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
*Ҳаракати «Толибон» дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо террористӣ эътироф шуда, мамнӯъ аст.
АКС: © Sputnik / Евгений Одиноков








Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд






