Русия дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Афғонистон пойгоҳи 201-умро бо танкҳои муосир тақвият медиҳад

Сентябрь 10, 2021 12:21

ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Пойгоҳи 201-уми низомии Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, то охири соли 2021 30 танки замонавӣ мегиранд, хабар дод сардори  хадамоти зиреҳпӯши Округи марказии ҳарбӣ Ҳаниф Беглов, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik. «То охири сол 30 танки муосир барои иваз кардани мошинҳои ҷангии  қаблии баталёни танкии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон оварда мешаванд»,- гуфт Беглов. Танки Т-72 Б3М хусусияти ҷангии такмилдодашуда дорад. Ҳамин тариқ, дар мошини ҷангӣ муҳофизати зиреҳи экипаж ва дастгоҳ баланд аст. Танк бо силоҳи муосиртар ва захираҳои афзоянда муҷаҳҳаз аст.

Мошинҳои ҷангӣ ҳамчунин бо муҳаррики нав ва системаи коммуникатсионии зиддисадоии «Акведук» муҷаҳҳаз карда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки иваз кардани танкҳо дар пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари тезу тунд шудани вазъ дар Афғонистони ҳамсоя сурат мегирад.

Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни радикалии «Толибон»* Кобулро забт ва қасри президентро иҳота карданд; дар охири моҳ толибон қисми зиёди кишварро таҳти назорат гирифтанд. Дар натиҷа Ашраф Ғанӣ аз мақоми сарвари давлат истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.

Роҳбарияти ҳаракат ҳайати ҳукумати муваққатиро эълон кард. Аз оғози авҷ гирифтани муноқиша дар Афғонистон як силсила машқҳои низомӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баргузор шуданд.Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчунин аз тамрини нави низомӣ дар Тоҷикистон хабар дод, ки моҳи октябр баргузор мешавад. Қаблан дар бораи таъсиси системаи ягонаи минтақавии дифои ҳавоии Русия ва Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

*Ҳаракати «Толибон» дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо террористӣ эътироф шуда, мамнӯъ аст.                                                        

      АКС: © Sputnik / Евгений Одиноков

Сентябрь 10, 2021 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид