Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод оғоз гардид

Сентябрь 21, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони ноҳия Сарвари давлатро, ки ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи якчанд иншооти муҳим ба ин ноҳияи дурдасти мамлакат сафари корӣ анҷом медиҳанд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Тоҷикобод ба фаъолияти Маркази хизматрасонии «Тоҷикобод» оғози расмӣ бахшиданд.

Иншоот дар масоҳати 4500 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми он тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, маркази ҳунарҳои мардумӣ ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона барои қабули 40 нафар мавҷуд аст.

Дар ошёнаи сеюми бино маҷлисгоҳ сохта шудааст, ки дар он шароити хуби баргузор намудани мулоқоту нишастҳо муҳайё мебошад.

Дар дохили иншоот намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кандакорӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ, бофандагию ресандагӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Ташкили намоишгоҳи васеи ҳунарҳои мардумӣ бозгӯи он аст, ки дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати ҳифз ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад ва омӯзиши он ба насли оянда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Маркази хизматрасониро оилаи Идиевҳо ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд намудаанд. Дар марказ 10 нафар сокинони маҳаллӣ, ки аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Намои беруни бино бо тарҳ ва усули меъмории миллӣ оро ёфтааст, ки ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам менамояд. Дар атрофи иншоот дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, тамоми роҳравҳои он пурра сафолакпӯш мебошад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин маркази муосири хизматрасонӣ дар амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда, дар таъмини сокинон бо ҷои кори доимӣ замина мегузорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкорон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии диёр миннатдорӣ баён намуданд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ва ифтитоҳи маркази хизматрасонии «Тоҷикобод» 21.09.2021

Сентябрь 21, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид