Салиби Сурх ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода кумаки техникӣ расонид

Сентябрь 6, 2021 10:05

ДУШАНБЕ, 06.09.2021 /АМИТ «Ховар/. Дар доираи татбиқи ҳамкории дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Намояндагии Салиби Сурхи байналмилалӣ дар Тоҷикистон воситаҳои техникӣ ва таҷҳизот дастрас карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Воситаҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани зарфияти техникии дастаҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардида,  аз тахти хоби тиббӣ, тонометр, термометрҳо, боксҳо, бандинаҳо, сепоя иборат мебошанд.

Ҳамаи воситаҳои супурдашуда аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумита  дар ҷараёни роҳандозии амалиёти садамавиву наҷот истифода хоҳанд шуд.

 АКС: КҲФ ва МГ

Сентябрь 6, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе