Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо сафари корӣ ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Арманистон Никол Пашинянро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
16 сентябр Никол Пашинян дар Душанбе дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ширкат хоҳад кард. Дар ҷараёни ин нишаст ӯ афзалияти Арманистонро, ки раёсати ин созмонро бар уҳда хоҳад гирифт, муаррифӣ мекунад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Лубнон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Масъалаи таъсиси намояндагии доимии ЮНЕСКО дар Душанбе баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Дастгоҳи Подшоҳи Урдун вохӯрӣ намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж конфронси байналмилалӣ оид ба мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём доир шуд






