ШАҲРИ МО — ХОНАИ МО. Сокинони Хоруғ тавассути ҳашари умумӣ манзилашонро сарсабзу обод менамоянд

Сентябрь 27, 2021 15:58

ХОРУҒ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Хоруғ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани меҳмонони олиқадр  бо баргузории ҳашари умумӣ кӯчаву хиёбон ва боғи фарҳангию фароғатии шаҳрро тозаву пок менамоянд. Шаҳр замоне пок, ободу зебо мегардад, ки агар ҳар шаҳрванд онро ба сифати хонаи умумии худ эътирофу эҳтиром намояд,-хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Яке аз сокинони шаҳр Масъуда Алиёрова гуфт, ки “чанд моҳи охир пиру ҷавон рӯзҳои истироҳат ба ҳашари умумӣ баромада, кӯчаву хиёбонҳо, боғи фарҳангию фароғатиро поку тамиз мекунанд. Шаҳр  хонаи умумии шаҳрвандон аст ва мизбони асосии ташрифи меҳмонон ба маркази маъмурии вилоят низ худи сокинони шаҳр ба шумор мераванд. Ба ҷуз ин ҳар шаҳрванд дар поку беолоиш нигоҳ доштани муҳити зист, ки ҷузъи ҷудонашавандаи табиат аст, масъулияти баланд дорад. Табиат неъмати бузургест ва ин неъмати гаронбаҳоро бидуни ягон газанд барои наслҳои оянда ҳифзу нигоҳдорӣ намудан шарт ва зарур мебошад”.

Яке аз он маконҳое, ки ҷамъшавии сокинон, сайёҳону меҳмонон дар он бештар дида мешавад, ин бозори марказии шаҳр мебошад. Дар тозагии он дар баробари бозорнишинон ҳамчунин ҳар сокини шаҳр масъул аст. Сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки “ба хотири истиқболи сазовор аз ташрифи меҳмонони олиқадр дар баробари ҷавонон ҳамчунин кӯдакону наврасон низ ширкати фаъол доранд. Ин иқдом моро умедвор месозад, ки насли оянда ҳам дар ҳифзи муҳити атроф худро масъул мешуморад. Дар оянда чунин ташаббус ба амали доимии шаҳрвандон табдил хоҳад ёфт”.

Раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот ин иқдоми шаҳрвандонро масъулияти бузург дар баробари ободонии шаҳр унвон карда, изҳор дошт, ки “ташрифи роҳбарон ва меҳмонони олиқадр дар  паи худ ободкорию созандагӣ ва неъматҳои дучанди зиндагӣ ба бор меорад. Ҳадафи дигари ин ташаббус- боло бурдани сифати зиндагии шаҳрвандон тавассути пешниҳоди хизмати ризокорона мебошад, ки аз арзишҳои асосӣ ва таърихии халқи мо ба ҳисоб меравад”.

    АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2021 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд