Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 23 сентябр дар кишвар 17084 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16960 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.
Акс аз бойгонӣ








30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






