Шариф Раҳимзода: Зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи кормандони АМИТ ба пешрафти илм мусоидат менамояд

Сентябрь 20, 2021 17:42

ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он имрӯз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он» аз 1 уми сентябри соли 2021 ба тасвиб расид.

Дар робита ба фармони мазкур директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф РАҲИМЗОДА  ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз дошт, ки “тамоми олимону донишмандон, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдомашон   миннатдорӣ баён менамоянд. То ин дам кормандони АМИТ маоши камтар мегирифтанд. Нафароне, ки унвонҳои баланд доранд, профессор ҳастанд ва ё ба ҳайси сардори шуъба ва ходимони пешбари илмӣ фаъолият мекунанд, то 2000 сомонӣ маош мегирифтанд, ки ин ҳам кам буд”.

Ба андешаи Ш. Раҳимзода, фаъолияти олимону кормандони АМИТ ба баланд шудани маоши онҳо сахт  алоқаманд аст. Ин иқдом боиси баланд бардоштани нақши олимон ва пешрафти илм дар кишвар мегардад. То имрӯз маоши кормандон  аз 700  то 2200 сомониро ташкил медод. Ҳатто академикҳое, ки дар мо фаъолият доранд, он қадар маоши баланд намегирифтанд. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши олимонро бознигарӣ карда, онро то сатҳи муайян бардошт.

Акс аз манбаъҳои боз

Сентябрь 20, 2021 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон