Сухани Мавлоно барои имрӯзиёну ояндагон чун раҳнамои маънавӣ хизмат мекунад. Бардошт аз конфронси илмӣ

Сентябрь 30, 2021 13:21

ДУШАНБЕ,30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи Мавлоно  Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз дар Институти забон ва адабиёти  ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон(АМИТ) конфронси илмӣ доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» .

Доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода зикр намуд, ки сарзамини ориёии мо бо фарҳанг ва тамаддуни пешрафта ва бо шахсиятҳои номвари хеш дар арсаи забон, илму фарҳанг ва ирфону маънавият дар дунё маълум ва машҳур аст. Фақат номбар кардани шахсиятҳои маъруфи он дар арсаи сиёсату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, илму маориф ва диншиносӣ ҷилд-ҷилд китоб хоҳад шуд. Яке аз чунин мардони бузурги олами ирфону тасаввуф Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аст, ки дар ҷаҳони фарҳангӣ бо номҳо ва тахаллуси Мавлавӣ, Муллои Рум, Мавлои Рум, Шамс, Хамўш ва Хомўш машҳур аст.

«Ў дар хонаводаи яке аз донишмандони тавонои он рўзгор Баҳоуддин Валад, ки бо лақаби  Султонулуламо низ машҳур буд, 30 сентябри соли 1207 дар Балх зода шуда, 29 январи соли 1283 мелодӣ дар Қунияи Рум аз дунё гузаштааст. Мазори мубораки ў дар ин шаҳр бо номи «Қуббаи хазро» маъруфу машҳур аст»,- гуфт Сайфиддин Назарзода.

Ба зикри  мавсуф, осори Мавлавиро ба ду бахши бузург – назм ва наср ҷудо кардан мумкин аст.

«Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷилди дуюми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» нигоштаанд: «Афкору андешаҳои пурқимати ин абармарди илму ирфон, бахусус, дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ҳалли тазоду мушкилоти даврони ҷаҳонишавӣ арзиши дучанд пайдо кардаанд.

Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондўстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ўро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ў масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондўстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрўз низ ҷавобгўйи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошанд», — афзуд мавсуф.

«Маснавии Маънавӣ» яке аз шоҳасарҳои адабиёти классикии мо буда, муаллифро шуҳраи ҷаҳон намудааст. Ин асар аз шаш дафтар ва 25685 байт иборат буда, дар он масъалаҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ, мазҳабиву динӣ, фалсафаву тасаввуф ва ахлоқиву тарбиявӣ инъикос ёфтаанд. Шоир ин асари бузургҳаҷми худро дар муддати беш аз даҳ сол бадоҳатан эҷод намуда, пайравонаш (махсусан Ҳусомиддин) онро китобат кардаанд

Таҷлили Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи маърифату фарҳанг ва тарғиби осори бегазанди адибони классику муосир ба шумор рафта, гувоҳи он аст, ки ҳусни калом ва сухани Мавлоно то ҳол ранг набохта ва барои насли имрӯзу оянда чун раҳнамои маънавӣ хизмат менамояд.

Акс аз АМИТ “Ховар”

Сентябрь 30, 2021 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗЁФТИ ОСОРИ ЗИНДАГИИ ОДАМОН ДАР ХОВАЛИНГ ТАҚРИБАН ЯК МИЛЛИОН СОЛ ПЕШ. Як гурӯҳ олимони бостоншиноси тоҷик назари худро дар ин бора ба АМИТ “Ховар” пешниҳод намуданд
Ситораи балети ҷаҳонӣ Фаррух Рӯзиматов ба Тоҷикистон меояд
Дар Москва дар бораи адиб ва синамогари тоҷик Абдурофеъ Рабизода китоб ба нашр расид
Дар Роғуну Турсунзодаю Тоҷикобод Иди Меҳргон — ҷашни ҳосилот пуршукӯҳ таҷлил гардид
Муовини Вазири фарҳанг Давлат Сафарзода: «Новобаста аз дастовардҳо имрӯз дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон мушкилот зиёданд»
То моҳи сентябри соли оянда дар Душанбе ва Турсунзода ду мактаби таҳсилашон ба забони русӣ ба истифода дода мешаванд
Беҳтарин муаллимони ГИТИС дар кишварҳои ИДМ дарс мегузаронанд ва ба наздикӣ ба Душанбе меоянд
Адиби шинохта Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ даргузашт
Намояндаи Тоҷикистон дар Анҷумани XIII Ассотсиатсияи тадқиқоти байналмилалии Русия ширкат варзид
Дар Душанбе таҳти унвони «Тандурустӣ ҳамчун омили муҳими амнияти иҷтимоӣ» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
«СЕ ШОҲКОР». Романҳои оламшумули нависандагони машҳури ҷаҳонӣ бо забони тоҷикӣ нашр шуданд
КИНО НЕРУИ АҚЛОНИВУ ЗЕҲНИИ ҶОМЕАРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД. Андешаҳои коршиносони соҳа дар ин маврид