Таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ

Сентябрь 8, 2021 16:45

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти тантанавӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат барои фардои дурахшони кишвар корҳои бузург анҷом дода шуданд. Ислоҳот ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷумҳуриро фаро гирифта, муҳимтарин заминаҳои рушди устувори иқтисод гузошта шуд.

Таъкид гардид, ки дар 30 соли истиқлол сиёсати хориҷии Тоҷикистон комилан ташаккул ёфта, тамосу ҳамкориҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳон роҳандозӣ гардид ва тадриҷан таҳкиму густариш пайдо кард.

6 сентябр дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолият ҷаласаи тантанавӣ доир гардид, ки дар он Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода доир ба аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ ва нақшу мақоми он дар рушди давлатдории тоҷикон сухан намуд. Қарахон Чиллазода зикр кард, ки 30 сол муқаддам- 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як ҳадафи олӣ ва пояи воқеӣ барои бунёди ҷомеаи навини демократии кишвар ба даст омад, ки аз ҳадафҳои таърихии дурандешонаи сокинонони ин марзи куҳанбунёд хабаррасон буд. Ӯ зикр намуд, ки дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ давлати мо ба пешравиҳои назаррас ноил гашта, аз ҷумла, тасмими ташкили Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани назорати молияи давлатӣ низ яке аз дастовардҳои даврони истиқлолият ба шумор меравад.

Дар ҷаласа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 12 нафар кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар фаъолияти корӣ бо рутбаҳои тахассусӣ сарфароз гардиданд, қироат гардид.

Истиқлоли сиёсӣ бузургтарин ганҷи миллатҳост ва ин андешаро ҳаводиси сиёсии ҳамсоякишварҳо тасдиқ мекунад, аммо доштани истиқлол дигар асту ҳифзи он аз таҳоҷуми аҷнабӣ дигар. Бинобар ин, дар рушди мафкураи соҳибистиқлолӣ АМИТ ба ҳайси олитарин муассисаи илмии кишвар саҳм бояд бигирад. Ин матлабро  ноиби президенти  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов дар маҷлиси тантанавӣ бахшида  30-солагии Истиқлол, ки  дар Академияи миллии илмҳо баргузор шуд, баён дошт.

Дар ҷаласа ходимони илмии муассисоти зертобеи АМИТ аз ҷониби муассисаҳои қудратӣ ва давлатӣ бо сипосномаву ифтихорнома сарфароз гардиданд.

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода Истиқлолияти давлатиро волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик унвон намуда, зикр намуд, ки ифтихор аз он дорем, ки сӣ сол қабл бо роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат ва Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон  нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷикро ба воқеият табдил додем. Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам гардид, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракуниро пеш гирифта, низоми иқтисоди Тоҷикистонро ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ пайваст намоем ва ба ин васила рушди босуботи кишварро таъмин созем».

Дар маҷлиси тантанавӣ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев барои фаъолияти пурсамар, меҳнати софдилона, саҳми арзанда дар рушди низом ва ислоҳоти бонкӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон» ва инчунин бархе аз кормандони фаъоли БМТ ва шуъбаҳои минтақавии он бо нишони сарисинагии «Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон», Ифтихорнома ва Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳруии Тоҷикистон бо рӯҳияи идона ва бо дастовардҳои назаррас зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ истиқбол намуданд. Раиси Раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин  Икромӣ кулли кормандони БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро бо 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, зикр намуд, ки сӣ сол муқаддам миллати тоҷик ба неъмати бузург- Истиқлоли давлатӣ мушарраф гардид. Маҳз ба шарофати ин ҳадяи тақдир, кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати тоҷикон арзи ҳастӣ намуд.

Дастоварди  бузургтарини  мо дар  тӯли 30-соли Истиқлолият,  ки бо шарофати хиради азалии фарзандони фарзонаи тоҷик, махсусан азму иродаи қавӣ ва заҳмату талошҳои   Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст,  тамин ва пойдории  сулҳу субот  дар кишвар мебошад, таъкид кард  Икромӣ.

Дар маҷлиси тантанавӣ сардорони воҳидҳои сохторӣ ва  кормандони Раёсати Бонк барои  саҳми арзанда гузоштан дар рушду фаъолияти «Амонатбонк», тарғибу татбиқи сиёсати  бунёдкоронаи Пешвои миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ифтихорнома ва сипосномаи «Амонатбонк» сарфароз гардонида шуданд.

«Мақомоти гумруки ҷумҳурӣ, ки зодаи Истиқлол аст, дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 60 созишномаҳои ҳамкории дуҷониба ва беш аз 100 созишномаҳои бисёрҷони ба бо мақомоти гумруки кишварҳои дуру наздик ба имзо расонида, баҳри амалӣ кардани меъёрҳои муқарраршуда ҳамарӯза фаъолияти босамар мебарад». Ин нукта дар маҷлиси тантанавие, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардид, зикр шуд. Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода кормандони мақомоти гумрукро бо 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва рӯзгори амну осоишта таманно намуд.

Зикр гардид,  ки Истиқлолияи давлатӣ роҳи миллати тоҷикро ба сӯи амалӣ намудани ормонҳои миллӣ боз намуд. Дар идомаи ҷашни тантанавӣ аз ҷониби Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ба як гурӯҳ кормандони мақомот барои саҳми назаррасашон дар соҳа нишони «Аълочии Хадамоти гумрук», «Раҳматнома», «Рутбаҳои махсуси навбатӣ» супорида шуд. Инчунин 6 нафар корманди Хадамоти гумрук барои фаъолияти самараноку дастовардҳои баланди истеҳсолӣ бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардиданд.

АКСҲО аз вазорату идораҳои марбута

Сентябрь 8, 2021 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои навбунёди Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд