Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2021 17:55

ДУШАНБЕ, 09.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Дар табрику таҳнияти Подшоҳи Испания Фелипе чунин омадааст:

“Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ман дар ҳамроҳӣ бо ҳукумат ва мардуми Испания ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимонаи худро арз менамоем.

Ҷаноби Олӣ, таманниёти беҳтарини маро оид ба осудагӣ ва осоиши шахси худ ва сулҳу шукуфоӣ барои мардуми азизи тоҷик бипазиред.

Лутфан, эҳтиромоти самимии маро қабул фармоед”.

Дар табрикномаи Президенти Ҷумҳурии Португалия Марсело Ребело де Соузаро чунин омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Шуморо ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба мардуми тоҷик пешравӣ ва шукуфоӣ орзумандам”.

Президенти Ҷумҳурии Сингапур Ҳалима Яъқуб, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

“Ба Ҷаноби Олӣ,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси камоли хушнудии ман аст, ки ба муносибати иди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Сингапур самимитарин табрикот ва беҳтарин таманниёти сулҳу саодат ва шукуфоиро ба кишвар ва мардуми Шумо расонам.

Сингапур минбаъд ҳам бо саъю талоши муштарак барои бартараф кардани пандемияи КОВИД-19 ва коҳиш додани оқибатҳои он бо мақсади ҳифзи ҳаёти одамон ва василаҳои мавҷудияти онҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории зичро идома хоҳад дод”.

Сарвазири Шоиҳарии Таиланд Прают Чан-о-ча, дар барқияаш гуфтааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Шарафмандам,  ки аз номи Ҳукумати Шоҳигарии Тайланд ва мардуми он самимитарин табрикот ва беҳтарин таманниёти худро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.

Шодам, ки Тайланд ва Тоҷикистон дорои аз муносиботи гарм бархурдоранд.

Бовар дорам, ки равобит ва ҳамкориҳои дуҷонибаи мо минбаъд ҳам ба нафъи ҳар ду кишвар ва мардуи мо таҳким хоҳанд ёфт.

Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти амиқи маро қабул фармоед”.

Генерал-губернатори Иттиҳоди Канберраи Австралия Дэвид Хёрли дар номаи табрикотии худ навиштааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Иҷозат фармоед шахсан аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Австралия ба муносибати 30-солагии қабул  намудани Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таманниёти гармтарини худро ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон  расонам.

Ба Шумо дар ин замони пурпечутоб, ки ҳамаи мо ҳалли мушкилоти марбут ба вируси КОВИД-19-ро идома дода истодаем, беҳтарин орзуҳои худро иброз менамоям.

Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстии байни кишварҳоямон минбаъд ҳам шукуфо боқӣ хоҳанд монд”.

Президенти Африкаи Ҷанубӣ Матамела Сирил Рамафоса дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

“Ҷаноби Олӣ,

Мардум ва Ҳукумати Африкаи Ҷанубӣ ба гармтарин табрикот ва таманниёти ман ба Ҷаноби Олӣ, мардум  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи Истиқлолияти  9 сентябри соли 2021 шариканд.

Иҷозат фармоед, ки бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии комил орзу намуда,  инчунин аз сари нав хоҳиши ин ҷонибро  ҷиҳати боз ҳам бештар тақвият додани робитаҳои наҷиби дӯстӣ, ки байни кишварҳоямон мавҷуданд, таъкид намоям.

Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти амиқи маро қабул намоед”.

Ҷумҳурии Исломии Мавритания Муҳаммад Валид аш-Шайх ал-Ғазавонӣ, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

“Ҷаноби Олӣ ва Бародари Азиз,

Боиси хурсандист, ки ба Шумо Ҷаноби Олӣ беҳтарин таманиёти худро ба муносибати таҷлили Иди миллии кишваратон таҳният гуям ва ба мардуми бародари тоҷик пешравӣ ва шукуфоиро орзу намоям.

Ҳамчунин ба Шумо омодагии комили ин ҷонибро барои ҳамкорӣ ҷиҳати рушд додани муносибатҳо байни кишварҳоямон, ки  ба манфиати ду мардуми бародар мебошад, изҳор менамоям.

Ҷаноби Олӣ ва Бародари Азии, лутфан эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред”.

Дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Малта Ҷорҷ Велле омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Ман ва мардуми Ҷумҳурии Малта Шумо ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамоям.

Ман итминони комил дорам, ки байни кишварҳои мо силсилаи имкониятҳои ҳамкории муштараки мутақобилан судманд вуҷуд дорад, ки метавонанд ба нафъи халқҳо ва кишварҳои мо бошанд.

Пеш аз ҳама, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, пас аз сар задани ҳамагирии COVID-19 муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба изҳороти ҳамбастагии худ идома дода, кулли миллатҳо дар мубориза бар зидди ин мушкилоти бесобиқаи башарият муттаҳид бошанд, то тавонанд барқарорсозии устуворро пас аз ҳамагирӣ таъмин намоянд.

Ман бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо саломатии хуб, осудагӣ ва барои кишваратон сулҳу шукуфоиро таманно менамоям.

Лутфан Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро бипазиред”.

Дар барқияи шодбошии собиқ Президенти Украина Леонид Кучма омадаст:

“Муҳтарам ҷаноби Президент,

Аз самими қалб, Шуморо ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.

Новобаста аз таҳдиду чолишҳое, ки кишвари Шумо бахусус дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ рӯ ба рӯ гардида буд, Тоҷикистон тавонист ҳамаи мушкилотро паси сар кунад.

Ҳодисаҳои охир, ки тамоми дунёро ба ларза оварданд, бори дигар соҳибихтиёр ва комёб будани Тоҷикистонро ба сифати кафили сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон таъйид намуданд.

Ва имрӯз чун солҳои қабл, Шумо қотеона масъулияти тақдири ояндаи миллататонро комилан ба души худ гирифтед.

Украина ва Тоҷикистон ҳамеша шарик ва дӯстони боэътимод буданд. Бовар дорам, ки кишварҳои мо дар оянда низ ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва пурсамар идома хоҳанд дод.

Муҳтарам Президент, мехоҳам ба Шумо сиҳатмандии комил ва илҳоми саршор, ба мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ ва некрӯзӣ орзу намоям”.

Дар барқияи табрикии Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохон гуфта мешавад:

“Ҷаноби Олӣ,

Бо хурсандии бепоён дар ин рӯзе, ки Шумо 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиред, ман ба Шумо Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми тоҷик табрикот ва таманниёти неки худро иброз менамоям.

Имомати Исмоилия ва ниҳодҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ба шарикии дарозмуддати мо бо Тоҷикистон содиқ мемонанд, зеро мо кушиш менамоем, ки ҳадафҳои Ҳукумати Шуморо барои беҳтар кардани сифати зиндагии ҳамаи мардуми тоҷик дастгирӣ намоем.

Дар ин рӯзи фархунда ман дуогӯи сулҳу субот ва шукуфоии кишвари бузурги Шумо мебошам”.

Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат ҳамчунин аз номи Генерал-губернатори Канада Мэри Мэй Саймон ва Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ворид гардиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 30-юмин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Сентябрь 9, 2021 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул ботантана таҷлил гардид
Дар ноҳияи Темурмалик Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шуд
25-26 дар Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 Юлдуз Усмонова, Арон Афшор ва Ҳамид Ҳирод ҳунарнамоӣ мекунанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Парчами давлатиро дар шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро дар ноҳияи Темурмалик мавриди истифода қарор доданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатиро дар ноҳияи Темурмалик мавриди истифода қарор доданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик ва боздид аз Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзода
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарабхонаи «Сайди Хосор»-ро дар ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Балҷувон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Балҷувон мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд

Маводҳои таҳлилӣ