ТАСС: Имрӯз дар Душанбе нишастҳои ду созмони байналмилалӣ — СААД ва СҲШ оғоз мегарданд

Сентябрь 16, 2021 09:44

ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нишастҳои ду созмони  байналмилалӣ — Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Тоҷикистон оғоз мегарданд. 16-17 сентябр дар инҷо таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20 -умин нишасти ҷашнии  СҲШ баргузор мешаванд, хабар медиҳад ТАСС.

Душанбе макони баргузории ин чорабиниҳо интихоб шудааст. Имсол Тоҷикистон раёсати ҳарду созмонро бар уҳда дорад.

Сарварони аксар кишварҳои иштироккунандаи нишастҳо ба пойтахти Тоҷикистон меоянд ва дар чорабиниҳо шахсан суханронӣ мекунанд. Аз ҷумла, роҳбарони Арманистон, Беларус, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Узбекистон, инчунин роҳбари СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақавӣ чунин тасмим гирифтаанд.

Баъзе сарони давлатҳо дар нишастҳо тавассути алоқаи видеоӣ ширкат мекунанд. Ҳамин тариқ, президенти Русия Владимир Путин рӯзи сешанбе гуфт, ки бинобар тамос бо шахсони мубталои коронавирус дар атрофаш маҷбур шудааст ба канорагирӣ гузарад. Бо назардошти ин, ӯ аз фосилаи дур дар чорабиниҳое, ки дар Душанбе баргузор мешаванд, ширкат меварзад. Раҳбарони Ҳиндустон, Чин, Муғулистон ва Дабири кулли СММ низ тавассути видеоконфронс дар нишастҳо ширкат хоҳанд кард.

Нишастҳоро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекунанд.

Рӯзномаи СААД

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ сарони кишварҳои СААД масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти ин созмон дар давраи байнииҷлосиявиро баррасӣ кунанд. Яке аз масъалаҳои муҳим вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти давлатҳои созмон хоҳад буд, зикр шудааст дар сомонаи он.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни иҷлосия эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ қабул шуда, инчунин санадҳои марбут ба ҳифзи сулҳ, таъмини фаъолияти неруҳои СААД ва муҷаҳҳаз кардани неруҳои вокуниши фаврӣ бо аслиҳа, техникаи ҳарбию махсус ва воситаҳои махсус имзо карда мешаванд. Раҳбарон инчунин буҷаи созмонро барои соли 2022 баррасӣ мекунанд.

Бо дарназардошти он ки солҳои 2021-2022 раёсати СААД ба Арманистон мегузарад, сарвазири ҷумҳурӣ Никол Пашинян афзалияти кишварро, ки баъдан амалӣ хоҳанд шуд, шарҳ медиҳад.

Рӯзи чоршанбе, 15 сентябр, ин нишастро дар Душанбе вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони дифоъ ва дабирони Шӯрои амнияти СААД баргузор намуданд. Онҳо рӯзномаи нишасти дарпешистода ва вазъи низомӣ-сиёсии минтақаҳои амнияти дастаҷамъиро баррасӣ карда, ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Дар поёни нишаст намояндагони кишварҳои узви ин созмон панҷ изҳорот қабул карда, дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои амнияти биологӣ ба мувофиқа расиданд.

Саммити СҲШ ва ҷаласаи умумӣ

Вазъият дар Афғонистон яке аз мавзӯъҳои марказии чорабинии дигар- нишасти XX СҲШ хоҳад шуд. Он низ рӯзи панҷшанбе кушода мешавад, аммо чорабиниҳои асосӣ дар рӯзи дуввуми он- ҷумъа сурат мегиранд.

Ҳамин тавр, 17 сентябр ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад, ки ба бистумин солгарди таъсиси ин созмон бахшида шудааст. Интизор меравад, ки раҳбарон инчунин натиҷаҳои кори иттиҳод ва дурнамои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ кунанд. Дар рӯзнома инчунин масъалаҳои марбут ба пандемия ва рафъи оқибатҳои он меистанд.

Нахустин ҷаласаи умумиро роҳбарони кишварҳои СААД ва СҲШ, тавре  қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ҳамчунин 17 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон баргузор мекунанд.

Омодагӣ ба нишастҳо

Пойтахти Тоҷикистонро барои форумҳои байналмилалии бонуфуз ҷиддӣ омода кардаанд.  Дар Душанбе ба таври иловагӣ ҳазорҳо адад гул шинондаанд, дар шоҳроҳҳои асосии шаҳр баннеру овезаҳои табрикотии меҳмонон овехта шуда, инчунин нишонаҳои СААД ва СҲШ дар тахтаҳои электронии калон намоиш дода мешаванд.

Омодагиҳои асосӣ ба ду маркази рӯйдодҳо- Қасри миллат, ки дар он иҷлосияи амнияти дастҷамъии СААД баргузор мегардад ва “Кохи Наврӯз”, ки дар он нишасти ҷашнии СҲШ доир мешавад, дахл доранд.

Ҳудуди Қасри миллат, ки дар маркази пойтахт ҷойгир буда, ҳамчун қароргоҳи  асосии Президенти Тоҷикистон хидмат мекунад, тақрибан нуҳ гектарро ишғол мекунад ва Қасри Наврӯз воқеан гавҳари Душанбеи муосир ба ҳисоб меравад. Он баробари он ки соли 2014 сохта шуд, ҳамон замон макони баргузории нишасти СҲШ қарор гирифт. Имсол вохӯрӣ дар яке аз толорҳои зебои қаср — «Зарандуд»  баргузор мешавад.

Дар робита ба омадани сарони давлатҳо ба Душанбе тадбирҳои бесобиқаи амниятӣ андешида шудаанд. Тамоми ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба низоми пурзӯри хизмат гузаронида шуд. Ҳазорон корманди ҳифзи ҳуқуқ тамоми объектҳо ва маконҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, аз ҷумла фурудгоҳ, меҳмонхонаҳо, кӯчаҳо, аз ҷумла масирҳои ҳаракати кортежи ҳукуматиро посбонӣ мекунанд.

Чанд рӯз пеш аз чорабиниҳо хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ расман шаҳрвандони кишварро дар бораи баста шудани хиёбонҳо ва кӯчаҳои асосии Душанбе барои нақлиёти автомобилӣ дар рӯзҳои баргузории нишастҳо огоҳ намуд.

Беш аз 500 хабарнигори маҳаллӣ ва хориҷӣ барои инъикоси чорабиниҳои СААД ва СҲШ аккредитатсия шудаанд. Барои онҳо дар Китобхонаи миллӣ маркази матбуот таъсис дода шудааст. Пахши он бо тарҷумаи ҳамзамон ба забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ таъмин карда мешавад.

Дар бораи СААД

Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ созмони байналмилалии амниятӣ буда, дар айни замон шаш давлат- Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Арманистон ва Беларус узви он мебошанд. Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид.

Дар бораи СҲШ

Эъломия дар бораи таъсиси СҲШ моҳи июни соли 2001 дар Шанхай аз ҷониби шаш давлат — Тоҷикистон Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия ва Узбекистон имзо шуда буд. Соли 2017 Ҳиндустон ва Покистон узви комилҳуқуқи СҲШ шуданд. Дар кори созмон чаҳор кишвари нозир (Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон) ва шаш шарики муколама (Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри Ланка) низ иштирок мекунанд.

Аз соли 2004 СҲШ дар назди Ассамблеяи Генералии СММ ба сифати нозир мебошад. Соли 2020 раёсати ин созмон аз Русия ба Тоҷикистон гузашт.

АКС: «БелТА»

Сентябрь 16, 2021 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»