Тавофуқоти Тоҷикистон ва Покистон дар ҳалли масъалаи Панҷшер ба тоҷикони Афғонистон шуълаи умед бахшид

Сентябрь 19, 2021 09:01

ДУШАНБ, 19.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавофуқоти зимни сафари расмии Сарвазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон ҳосилшуда дар ҳалли масъалаи Панҷшер ба тоҷикони Афғонистон шуълаи умед бахшид. Дар натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Имрон Хон Тоҷикистон ва Покистон ба ифоқа расиданд, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон»* ва тоҷикони Афғонистон мусоидат хоҳанд кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон дирӯз зимни нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар таъкид бар он намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад.

Ин изҳороти Сарвари давлати Тоҷикистон даррасонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамовозии амиқ пайдо намуда, муваффақияти ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли масоили Панҷшер ва тоҷикони Афғонистон арзёбӣ гардид.

Аз ҷумла, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа менависад: «Сано ба Пешвои муаззами мо барои сарбаландона ҳимоя намудани манфиатҳои миллиамон дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ, бахусус, барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи мазлумияти тоҷикони Афғонистон!»

Шоираи тоҷик Адиба Хуҷандӣ навиштааст: «Садҳо нафар аз Афғонистон ба мо занг мезананд ва дуруду дуо ба Пешвои мо мерасонанду арзи эҳтирому ихлосу меҳр мекунанд, Пешвои муаззами тоҷикро сарвару пешвои хеш медонанд».

Адибаи тоҷик дар идома зикр менамояд, ки онҳо Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмонро пешвои тамоми точикони олам медонанд.

Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook навиштааст: «Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳарчанд натавонист сарони кишварҳои узви ОДКБ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхайро ба истодагарӣ дар масъалаи Афғонистон мутақоид кунад, ин талошҳои худро шоми 17 сентябр дар музокирот бо сарвазири Покистон Имрон Хон, ки дар ҳошияи иштирок дар нишасти сарони Созмони Шанхай сафари расмиаш ба Тоҷикистонро ҳам анҷом дод, давом дод ва билохира муваффақ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон тавонист Имронхонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикони Афғонистон дар шаҳри Душанбе ва дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста пайдо кардани тоҷикон ва дигар қавмиятҳои сокини он кишвар мутақоид кунад. Ин дастовард, дар сурати ҷомаи амал пӯшиданаш, албатта, дастоварде андак нест ва ба нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар дараи Панҷшер умедҳои қавӣ мебахшад».

Маврид ба зикр аст, ки ин муваффақияти ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҳомии манфиатҳои тоҷикони Афғонистон низ пазируфта шуда, натиҷаи муҳими мулоқоту музокироти сатҳи олии ду давлат арзёбӣ мегардад.

Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, Сарвазири Покистон Имрон Хон дар нишасти хабарӣ пас мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон изҳор дошт: «Яке аз масъалаҳое, ки Покистон ва Тоҷикитстонро нигарон кардааст, ин масъали низоъ дар Панҷшер байни тоҷикон ва Толибон мебошад», — гуфт Имрон Хон.

Сарвазири Покистон иттилоъ дод: «Дар мулоқот ба мувофиқа расидем, ки  Ҷаноби Олӣ (Эмомалӣ Раҳмон – тавзеҳи АМИТ «Ховар») аз ҷониби тоҷикон ва мо (Сарвазири Покистон — тавзеҳи АМИТ «Ховар») аз ҷониби паштунҳо, ё Толибон* кӯшишҳои заруриро ба харҷ медиҳем, ки масъалаи Панҷшер тавасути муколама ҳалу фасл гардад».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 19, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»