ТОЛИБУ ПАШТУНШУМУЛ. Ҳайати ҳукумати нави Афғонистонро, ки «Толибон»* эълон доштанд, чунин метавон унвон кард

Сентябрь 8, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Толибон» ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистонро эълон кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира иттилоъ дод.

Роҳбари «Толибон» Ҳайбатулло Охундзод роҳбари олӣ ва «роҳбари Аморати исломии Афғонистон» эълон шуд.

Муҳаммад Ҳасан Охунд сарвазири Афғонистон, Абдулғанӣ Бародар ва Абдулсалом Ҳанафӣ муовинони ӯ таъйин  гардиданд.

Мулло Аҳмад-Ҷон Аҳмадӣ ба мақоми роҳбари маъмурият пешбарӣ шудааст.

Амирхон Муттакӣ роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ ва Шермуҳаммад-Оғо Станикзай муовини ӯ таъйин гардиданд.

Мулло Ёқуб ба мақоми вазири мудофиа ва Шермуҳаммад-Оғо Станикзай муовини ӯ пешбарӣ шуданд.

Ба вазифаи сардори идораи иктишофӣ Мулло Абдулҳақ Восиқ, муовини ӯ Мулло Тоҷ Мир Ҷавод ва муовини дигар оид ба корҳои маъмурӣ Мулло Раҳматуллоҳи Наҷиб таъйин гардидаанд.

Қорӣ Фасиҳуддин сардори ситоди кулли Афғонистон  шуд.

Вазири корҳои дохилӣ — Сироҷуддин Ҳаққонӣ, Мавлавӣ Ҷалол муовини ӯ, Мулло Абдулҳақ муовини дигар оид ба назорати маводи мухаддир таъин карда шуданд.

Хайруллоҳ Хайрхоҳ роҳбари вазорати фарҳанг ва иттилоот ва Забиуллоҳ Муҷоҳид муовини ӯ таъйин шуданд.

Мавлавӣ Наҷибуллоҳи Ҳаққонӣ роҳбари Вазорати мухобирот ва технологияҳои иттилоотӣ таъин гардид.

Мулло Ҳадятулло Бадрӣ роҳбари вазорати молия, Муҳаммад Ҳаниф роҳбари вазорати иқтисод, Мулло Муҳаммад Идрис раиси Бонки марказии Афғонистон таъин шуданд.

Шайх Мавлавӣ Нуруллоҳи Мунир вазири маориф ва Мавлавӣ Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ вазири таҳсилоти олӣ таъин  гардиданд.

Нуруллои Нурӣ роҳбари вазорати марзҳо ва қабилаҳо ва Мулло Муҳаммад Исо Охунд роҳбари вазорати захираҳои табиӣ таъйин шуданд.

Вазифаи вазири таъмини об ва энергетика  ба уҳдаи Мулло Абдул-Латиф Мансур, роҳбарии Вазорати кишоварзӣ ба зиммаи Мулло Абдулманан Омарӣ вогузор гардид.

Номи роҳбарони нави вазорати ҳаҷ ва вакф, инчунин вазорати муҳоҷират низ эълон шуд. Онҳо мутаносибан Шайх Мавлавӣ Нурмуҳаммад Сакиб ва Ҳоҷӣ Халил ар-Раҳмон Ҳаққонӣ мебошанд.

Ба вазорати корҳои ҷамъиятӣ Мулло Абдулманон Омарӣ ва ба вазорати тамоюли исломӣ шайх Муҳаммад Холид роҳбарӣ мекунанд.

Мулло Ҳамидулло Охундзода масъули авиатсия ва нақлиёт хоҳад буд.

Сухангӯи «Толибон»* Забиуллоҳ Муҷоҳид дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҳайати эълоншудаи ҳукумати Афғонистон муваққатӣ аст, на доимӣ.

Инчунин бояд зикр кард, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ҳукумати пешниҳодшуда на ҳамаи ақалиятҳо ва миллатҳои маскуни кишварро намояндагӣ мекунад. Он ҳукумати фарогир нест. Тавре рӯзномаи  «Коммерсант» менависад, «онро метавон якқавма» номид, яъне Толибу Паштуншумул.

___________________________________

* Ташкилоти террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо мамнӯъ аст.
Сентябрь 8, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд