Варзишгарони тоҷик дар панҷ рӯзи аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ соҳиби 10 медал шуданд

Сентябрь 7, 2021 13:34

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ рӯзи мусобиқоти аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ варзишгарони Ҷумҳурии  Тоҷикистон   сазовори 10 медал – 6 нуқра, 4 биринҷӣ  шуданд, хабар дод намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

6 сентябр мусобиқа оид ба кураши қазоқӣ баргузор шуд, ки паҳлавонони тоҷик 3 медал гирифтанд: Хуршедшоҳ Каримзода (-60кг), Ҳоҷиакбар Тошмуродов (-80кг) медалҳои нуқра, Қурбоналӣ Охунов (-75кг) медали биринҷӣ. Қаблан варзишгарони мо дар гӯштини юнонӣ-римӣ 2 медал, дар гӯштини тарзи озод- 2 медал, дар намуди бокс- як медал, дар гӯштини камарбандӣ ду медал ба даст оварданд.

Мусобиқоти бокс ва гӯштин қабл аз маросими кушодашавӣ шурӯъ гардиданд. Паҳлавонони тоҷик 3 сентябр дар гӯштини юнонӣ-римӣ 2 медал ба даст оварданд. Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -60кг медали нуқра, Асламҷон Азизов дар вазни -55кг медали биринҷӣ гирифтанд.

4 сентябр мусобиқа оид ба гӯштини тарзи озод сурат гирифт, ки ду варзишгари мо – Муҳаммад Икромов  дар вазни -61кг ва Мустафо Ахмедов дар вазни -70кг сазовори медали нуқра шуданд. Медали дигари нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс, дар вазни -75кг ба даст овард.  5 сентябр дар гӯштини камарбандӣ ду варзишгари Тоҷикистон – Фирӯзҷон Зиёев  дар вазни -68кг  ва  Дилшод Қурбонов дар вазни -82кг соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд.

Ҳамин тариқ, шумораи медалҳои дастаи  мунтахаби Тоҷикистон ба 10 адад – 6 нуқра, 4 биринҷӣ – расид.

Дар  аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ беш аз 1000 варзишгар аз 9 кишвар: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалин  Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбанд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  51 варзишгар аз рӯи 11 намуди варзиш ширкат доранд.

                                                                                                               АКС  аз КМО Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2021 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид