ВКХ Тоҷикистон: «Мо ҳама гуна ҳукуматеро,ки бе раъйпурсии мардумӣ ва намояндагони ҳамаи қавмҳо таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳем кард»

Сентябрь 8, 2021 19:49

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  8 сентябр бо пешниҳоди ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон нахустин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон – Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон ва Чин дар шакли маҷозӣ сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирон зарурати пешбурди абзори мазкурро ба мақсади баррасии вазъи кунунии Афғонистон ҳамчун механизми нави ҳамкорӣ миёни ҳамсояҳои он кишвар таъкид карданд.

Ҷонибҳо изҳор карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои минтақа бояд масъулияти муҳимро барои сулҳу субот ва барқарорсозии Афғонистон ба дӯш гирифта, ба он кишвар кӯмакҳои зарурии иқтисодӣ ва башардӯстона расонанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин қайд намуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳукумати фарогири ҳамашумул бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва ақалиятҳои миллӣ фаъолият кунад.

«Мо ҳама гуна ҳукуматеро,ки бе раъйпурсии мардумӣ ва намояндагони ҳамаи қавмҳо таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳем кард»,- таъкид намуд Сироҷиддин Муҳриддин.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Сентябрь 8, 2021 19:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд