ВКХ: «Тоҷикистон танҳо ҳукумати фарогирро бо иштироки тамоми гурӯҳҳои этникӣ, ки дар он тоҷикони Афғонистон ҷойи сазовори худро ишғол мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард»
ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасте, ки ба масъалаҳои Афғонистон бахшида шуда буд, ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истнод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нишасти мазкур бо ташаббуси ИМА ва Олмон ва ҳузури маҷозии роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Австралия, Баҳрайн, Канада, Фаронса, Ҳиндустон, Италия, Япония, Кувайт, Норвегия, Покистон, Қатар, Ҷумҳурии Корея, Арабистони Саудӣ, Испания, Туркия, Туркманистон, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Британияи Кабир, ИА ва СААШ, СММ баргузор гардид.
Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои нишаст диққати асосиро ба мавзӯи гурезаҳо, мубориза бо терроризм, расонидани кумаки гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва ҳамкориҳои кишварҳо барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар равона карданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ, аз ҷумла таъкид кард, ки ҷомеаи байналмилалӣ тӯли 20 сол натавонист дар Афғонистон тартибро ҷорӣ кунад ва даҳҳо ҳазор террористро дар ин кишвар “мерос” монд. Ин кишвар ба маркази нооромиву бесуботи мубаддал гардид. Дар ин вазъият Тоҷикистон, ки бо ин кишвар марзи тӯлонӣ ва ҳассос дорад чи амалкардаҳое бояд дошта бошад?
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ мавзӯи ҷанг дар Панҷшерро низ зикр кард. Ӯ афзуд, ки Толибон ҳавопаймоҳоро бо мусоидати кишварҳои сеюм зимни ҳамлаҳо ба Панҷшер истифода мебаранд, ки боиси кушта шудани теъдоди зиёди мардуми бумӣ, яъне тоҷикон мегардад. Аз ин рӯ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро даъват кард, ки ба Толибон таъсир расонанд ва дар пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ дар буҳрони ҷорӣ мусоидат намояд.
Вазири корҳои хориҷӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон танҳо ҳукумати фарогирро бо иштироки тамоми гурӯҳҳои этникӣ, ки дар он тоҷикони Афғонистон ҷойи сазовори худро ишғол мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ










Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






