WSJ: Халабонҳои афғон аз Узбекистон ба пойгоҳи низомии ИМА интиқол дода мешаванд

Сентябрь 13, 2021 09:23

ДУШАНБЕ, 13.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Иёлоти Муттаҳида бо Узбекистон созише ба даст овард, ки тибқи он як гурӯҳ халабонҳои  Неруҳои ҳавоии Афғонистон, ки ба ин кишвар омадаанд, охири ҳафта ба пойгоҳи низомии Амрико интиқол дода мешаванд, менависад “Wall Street Journal” бо истинод ба манбаъҳо.

Сухан дар бораи халабонҳои Неруҳои ҳавоии Афғонистон (НҲА) меравад, ки баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон”* дар Афғонистон бо хешовандонашон бо ҳавопаймо ва чархболҳои НҲА ба Узбакистон фирор кардаанд. Зикр карда мешавад, ки толибон барои ба Афғонистон истирдод намудани онҳо ба мақомоти Узбекистон фишор овардаанд.

Тавре рӯзнома таъкид мекунад, худи халабонҳо, сарфи назар аз авфи ваъдадодаи толибон ба ҳама мансабдорон ва низомиён, аз амнияти худ ва хонаводаҳояшон метарсанд. Дар маҷмӯъ, дар Узбекистон 585 халабони афғон, аъзои экипаж ва хешовандони онҳо ҳузур доранд. Интизор меравад, ки ин одамон «ба пойгоҳи низомии ИМА дар Давҳа парвоз кунанд», аммо ҳоло маълум нест, ки онҳо минбаъд ба ИМА мераванд ё ба ҷои дигар.

Тибқи маълумоти WSJ, дар Узбекистон 46 ҳавопаймо ва чархболҳои низомие мавҷуданд, ки қаблан аз Афғонистон омада буданд ва сарнавишти минбаъдаи онҳо норӯшан боқӣ мемонад. Нашрия менависад, ки толибон хостори баргардонидани ҳавопаймо ба Афғонистон мебошанд, аммо чунин иқдом эҳтимол сабаби  мухолифати шадиди ИМА мешавад.

Ҳамчунин зикр карда мешавад, ки намояндаи толибон Суҳайл Шоҳин зарурати бозгашти халабонҳои афғони фирориро эълон кард. «Ин халабонҳо бояд ба кишвари худ баргарданд, кишвар ба онҳо ниёз дорад»,- гуфт Шоҳин, ки суханонашро рӯзнома иқтибос меорад.

Аввалҳои моҳи август толибон ҳамла ба неруҳои давлатии Афғонистонро афзоиш дода, 15 август вориди пойтахт шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба охир расидааст. Ду ҳафтаи охирини моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, тахлияи оммавии шаҳрвандони хориҷӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт. Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро қатъ карданд. 6 сентябр толибон эълон карданд, ки Панҷшер, охирин аз 34 вилояти Афғонистон бо ҷанг таҳти назорати онҳо қарор гирифт.

Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд. Ба он Муҳаммад Ҳасан Охунд роҳбарӣ хоҳад кард, ки дар замони ҳукмронии аввали “Толибон”* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад. Амирхон Муттақӣ сардори Вазорати корҳои хориҷӣ, Муҳаммад Ёқуб сардори Вазорати дифоъ ва Мулло Сараҷуддин Ҳаққонӣ сардори Вазорати корҳои дохилӣ таъйин шуданд. Ҳамаи онҳо узви ҳаракати “Толибон”* буда, аз ҷиҳати қавмӣ ба иттиҳодияҳои қабилавии паштунҳои Дурронӣ ва Ғилзай тааллуқ доранд.

                                                                          АКС аз манбаъҳои озод

_____________________________________________

    *Толибон — ҳаракати террористӣ эътироф шуда, дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.

Сентябрь 13, 2021 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид