WSJ: Толибон ба мақомоти Узбекистон дар робита ба паноҳандагони афғон таҳдид карданд
ДУШАНБЕ, 13.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Халабонҳои афғон дар Узбекистон ба пойгоҳи низомии Амрико дар Давҳа фиристода мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора «Wall Street Journal» бо истинод ба як манбаъ иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи рӯзнома, дар Узбекистон қариб 600 низомии неруҳои ҳавоии Афғонистон бо оилаҳои худ умр ба сар мебаранд. Онҳо пас аз ишғоли қаламрави мамлакат аз тарафи толибон бо 46 ҳавопаймо ва чархболҳои низомӣ ҷумҳуриро тарк карданд. «The Wall Street Journal» ишора мекунад, ки ҷангиёни «Толибон»* ба мақомоти Узбекистон фишор оварда, талаб кардаанд, ки халабонҳо фавран ба Афғонистон баргардонида шаванд.
«Ин халабонҳо бояд ба кишвари худ баргарданд, кишвар ба онҳо ниёз дорад», -гуфт сухангӯи ҷангиён Суҳайл Шоҳин.
Ба гуфтаи радикалҳо, дар ҷумҳурӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ авф эълон карда мешавад. Бо вуҷуди ин, халабонҳо аз амнияти худ метарсанд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Узбекистон ба қароре омаданд, ки гурезаҳоро ба қаламрави таҳти назорати артиши Амрико фиристанд. Аммо, маълум нест, ки онҳо метавонанд ба иёлот ё кишвари дигар сафар кунанд.
«The Wall Street Journal» таъкид мекунад, ки сарнавишти ҳавопаймоҳо ва чархболҳои дар Узбекистон боқимонда номаълум мебошад.
Ҳамзамон Толибон талаб доранд, ки ҳавопаймоҳо ба Афғонистон баргардонида шаванд. Аммо чунин иқдом метавонад боиси норозигии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гардад, менависад рӯзнома.
____________________________________________
*Толибон созмони террористистӣ, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар мамнӯъ аст
АКС аз news.myseldon.com








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






