РӮЗИ ЁДБУДИ МАВЛОНО. Ҷалолиддин Балхии Румӣ ҳашт аср пеш бар зидди ифротгароӣ ва таассуби динӣ, ки толибон имрӯз дар Афғонистон паҳн мекунанд, мубориза мебурд

Сентябрь 30, 2021 10:45

ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 сентябр, дар рӯзи таваллуди Ҷалолиддин Балхии Румӣ Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии асроромез, ки ба 814-умин солгарди шоир ва мутафаккири бузург бахшида шудааст, дар шаҳри Қунияи Туркия ба поён мерасад. Ҷашнвора ба 5 форуми ҷолибтарини мусиқии ҷаҳон ворид мешавад.

Тафсилот дар маводи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижа Мақсудова.

Тақрибан даҳҳо ҳазор нафар аз саросари ҷаҳон, ки намояндагони фарҳангҳо ва эътиқодҳои гуногун мебошанд, дар чорабиниҳо дар доираи ҷашнвора, ки кайҳо хусусияти байналмилалӣ касб карда, 10 рӯз идома ёфт, иштирок мекунанд. Имрӯз маросими дарвешҳои даврзананда ва семинарҳо бахшида ба омӯзиши таълимот ва осори Мавлоно баргузор мешаванд. Оркестри мусиқии ҳарбии усмонии Мехтерен дар шаҳри Қуния парад мегузаронад.

Брэд Гуч, ки тарҷумаи ҳоли Румиро навиштааст, мегӯяд, ки «ӯ як шахсияти бебозгашт дар ҳама фарҳангҳост». Гуч, ки аз зодгоҳи Румӣ дар Вахш, деҳаи хурде дар ҳудуди Тоҷикистони муосир ба Самарқанди Узбекистон, Эрон ва Сурия, ки он ҷо Румӣ дар бистсолагӣ дар Димишқ ва Ҳалаб таҳсил намудааст, сафар кардааст, идома медиҳад, ки «харитаи ҳаёти Румӣ 2500 милро дар бар мегирад». Охирин истгоҳи ӯ шаҳри Қунияи Туркия буд, ки Румӣ 50 соли вопасини умрашро дар он ҷо сипарӣ намудааст. Имрӯз мақбараи Румӣ ҳамасола пайравони мӯътабар ва сарони давлатҳоро барои маросими даврзании дарвеш 17 декабр дар солгарди вафоти ӯ ҷалб мекунад.

Мавлоно рӯзи маргашро (шоир 17 декабр дар шаҳри Қуния вафот карда, дар он ҷо дафн шудааст) ҳамчун ҳамроҳшавӣ бо Аллоҳ медонист ва аз ин рӯ онро «Шаби Арӯсӣ» номид.

Ҷалолиддин Муҳаммад Балхии Румӣ соли 1220 бо аҳли хонаводааш ба шаҳри Қунияи Туркия кӯчид ва дар он ҷо баъдтар ҷомеаи сӯфиёни Мавлавиро таъсис дод, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии он замон ва асрҳои баъдӣ нақши муҳим бозид.

ДАР АКС: замоне Ҷалолиддин Балхии Румӣ дар ин ҷо зиндагӣ мекард. Шаҳри Қуния (Туркия)

Давраи таҳаввулот дар зиндагии Румӣ соли 1244, замоне ба вуқӯъ пайваст, ки бо сӯфии мусофир бо номи Шамси Табрезӣ шинос шуд. «Румӣ 37 сол дошт ва мисли падару бобояш воиз ва донишманди анъанавии мусалмонон буд», — мегӯяд Гуч. Онҳо дар тӯли се сол чунон як дӯстии «электрикӣ»-и шогирд ва устодро ба вуҷуд оварданд, ки оқибат Румӣ сӯфӣ шуд. Пас аз се сол Шамс кушта шуд ва Румӣ ин фоҷиаро ба сахтӣ аз сар гузаронид ва бо навиштани шеърҳо ба ҷудоӣ тан дод.

Асарҳои маъруфи Ҷалолиддини Румӣ девонҳои лирикӣ, рисолаҳои сӯфӣ-фалсафӣ, манзумаҳои «Маснавии маънавӣ», «Фиҳи-мо-фиҳи», «Девони Шамси Табрезӣ», «Рубоиёт» мебошанд. «Маснавии маънавӣ» тафсири муқаррароти асосии суфизмро дар бар мегирад.

«Аксари шеърҳое, ки ба мо расидаанд, дар синни аз 37 то 67-солагии ӯ навишта шудаанд. Ӯ 3000 шеърашро ба Шамс, Паёмбар Муҳаммад (с) ва Худованд бахшида, 2000 рубоӣ навиштааст. Достони «Маснавии маънавӣ»-и ӯ аз шаш ҷилд иборат аст.

Аммо, тавре олимон-муҳаққиқон менависанд, танҳо ҳаждаҳ сатри бо дасти ӯ навишташуда саҳеҳан маълуманд. Қисми боқимонда — ҳафтоду нуҳ ҳазор сатр – бадеҳаанд, ки аз суханони ӯ шогирдонаш сабт шудаанд. Дар тӯли ҳафт аср ин бадеҳаҳо хонандагон ва шунавандагонро ба ваҷд ва донишмандонро бо умқи тафаккури мусиқии фавқулода ва камоли шакли шоирӣ ба ҳайрат овардаанд.

Илова бар шеърҳо, ба мо китоби гуфтугӯҳои ӯ «Фиҳи мо-фиҳи» ва саду чил нома ба ашхоси гуногун омада расидаанд.

Аз саҳифаҳои ҳамаи ин китобҳо мо бо симои ҳакими бузурги Шарқ рӯ ба рӯ мешавем, ки эҷоди афкори диалектикиро дар минтақаи азими ҷуғрофӣ аз Юнон дар ғарб то Эрону Ҳиндустон дар шарқ умумият додааст.

Дар тӯли тамоми умр шоир ва мутафаккир озодии рӯҳи инсонро аз зулми ифротгароии динӣ, аз он чӣ, мутаассифона, имрӯз, баъд аз ҳашт аср толибон дар Афғонистон паҳн мекунанд, ҳимоя мекард. Ҷалолиддин Балхии Румӣ дар давраи юриши салибдорон ва мутаассибон баробарии мардумро, новобаста аз ранги пӯст, забон ва мазҳаб талқин мекард ва бузургии насли башарро тараннум менамуд.

Маҳз бо ҳамин мақсад Ҷалолиддин Балхии Румӣ шеър, мусиқӣ ва рақсро дар амалияи динӣ шомил кард. Румӣ ҳангоми мулоҳиза кардан ва шеър эҷод намудан давр мезад. Ин пас аз маргаш дар рақси зебои медитативӣ сабт шудааст. Ё, чунон ки Румӣ навиштааст, «ман бисёр вақт дуо мехондам. Акнун шеърҳо, шеърҳо ва сурудҳоро мехонам. Рақсида, зиндагӣ мекунам».

Бо гузашти асрҳо пас аз марги ӯ, осори Румиро қироат мекунанд, оҳанг баста, суруд мехонанд ва ҳамчун илҳом барои романҳо, шеърҳо, сурудҳо, филмҳо, видеоҳо истифода мебаранд.

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2021 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст