Замони баргузории бозиҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Сентябрь 23, 2021 13:33

ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 сентябр дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор  мегарданд. Дар ин давр дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ,  КМВА-и шаҳри Душанбе бо  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб,  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  ва  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ    миёни ҳам  рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чанд рӯз пеш    бозиҳои даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардида буданд. Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) дар ин давр бар  дастаи футболи   «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардида, ба ҷои сеюми ҷадвал баромад. Ҳисобро дар дақиқаи 33 бозингари  дастаи  «Равшан»  Овусу Обед кушод. Футболбозони дастаи артиш Люк Менҷана Леонел дар дақиқаи 33 ва Фирӯз Бобиев дар дақиқаи 81 ду гол зада, ғалабаи КМВА-ро таъмин намуданд.

Дастаҳои пешсаф  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе   бар «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд   бар «Файзканд»-и  ноҳияи  Восеъ бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд. Голи дастаи  футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанберо Манучеҳр Ҷалилов, голи дастаи   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро Дилшод Бозоров ба номашон сабт карданд.
Дастаи футболи   «Душанбе»-и шаҳри  Душанбе  дар майдони худ аз  дастаи  «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд   бо ҳисоби 1:2  мағлуб гардид. Нимаи аввал бенатиҷа анҷом ёфт. Бозингарони ҳарду даста дар нимаи дуюм фаъол гардиданд ва мухлисон шоҳиди се гол шуданд. Дар дақиқаи 50 Алинур Ниёзбеков ба суди бонкчиҳо гол зад. Пас аз 3 дақиқа Хуршед Абдуллоев ҳисобро баробар кард. Голи пирӯзиро Мубинҷон Муъминов дар дақиқаи 71 ба нишон расонид.

Дастаи  футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ, ки дар сатри охири ҷадвал қарор дорад, дар майдони худ  дастаи футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшанро, ки дар ҷои сеюм буд, бо ҳисоби  2:1 шикаст дод. Футболбозони дастаи мизбон Бунёд Шодиев ва Азизбек Султонов дар нимаи аввал ду гол заданд. Ба ин Илҳомҷон Баротов аз дастаи  меҳмон дар нимаи дуюм бо як гол ҷавоб гардонида тавонист.

Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз 20 давр  дастаҳои  футболи   «Истиқлол»-и  шаҳри  Душанбе  ва «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  мавқеъҳояшонро дар ҷойҳои якуму дуюм нигоҳ доштанд. Дастаи  футболи   «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан, ки дар ин давр шикаст хурд, мавқеашро дар ҷои сеюм ба  КМВА дод.

 

 ҶОЙИ   ДАСТАҲО                                  Б       Ғ       М       Б        ТТ            Х 
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  19  15  3  1  56-7  48
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  19  12  2  5  39-19  38
 3  КМВА (Душанбе)  20  8  6  6  26-25  30
 4  «Истаравшан» (Истаравшан)  20  8  5  7  23-21  29
 5  «Эсхата» (Хуҷанд)  20  8  3  9  29-34  27
 6  «Хатлон» (Бохтар)  20  7  5  8  21-25  26
 7  «Равшан» (Кӯлоб)  20  5  8  7  19-24  23
 8  «Душанбе» (Душанбе)  20  4  6  10  21-44  18
 9  «Файзканд» (Восеъ)  20  4  5  11  13-26  17
 10  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  20  4  5  11  24-46  17

                                          

АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2021 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид